Мақомоти бахши аграрии Тоҷикистон маълумоти Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии сиёсати озуқаворӣ дар бораи доимо гуруснагӣ кашидани беш аз 30%-и аҳолии Тоҷикистонро носаҳеҳ мешуморанд.
«Ин маълумот асоси воқеъӣ надорад», - мухтасар посух дод имрӯз ба рӯзноманигорон Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзӣ ва ба матбуот тавсия дод, ки таҳқиқи дахлдор гузаронанд, «то ки худашон ба носаҳеҳ будани он итминон ҳосил намоянд».
Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Ҷалил Пирзода бо ишора ба меъёрҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар ин робита изҳор намуд, ки истеъмоли килокалорий бо ғизо ба ҳисоби миёна бояд аз 2000 то 2500 дар як рӯзро ташкил диҳад. «Одам дар сурате дар ҳолати гуруснагӣ қарор хоҳад дошт, ки агар тибқи нишондиҳандаҳои СҶТ аз 1500 килокалорий дар як рӯз камтар истеъмол кунад», - гуфт ӯ дар идома.
Намояндаи дастгоҳи президент бар ин назар аст, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар Тоҷикистон арзиши кофии ғизойӣ дорад ва аҳолии ҷумҳурӣ дар «сатҳи муайян» бо ин маҳсулот таъмин буда, аз ин рӯ ӯ маълумот оид ба гуруснагӣ кашидани беш аз 30%-и аҳолии Тоҷикистонро носаҳеҳ мешуморад.
Қобили зикр аст, ки зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита қайд кард , ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 31 фоиз паст гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи равон Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии сиёсати озуқаворӣ гузориши Индекси глобалии гуруснагӣ - 2015 ( Global Hunger Index 2015 )-ро ба нашр расонид , ки дар он Тоҷикистон кишвари гуруснатарин дар паҳнои пасошӯравӣ эътироф шудааст. Мутобиқи маълумоти ин гузориш, 33,2%-и аҳолии Тоҷикистон доимо гуруснагӣ мекашанд.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 февраля 2025 года
Как в Душанбе отметили День основания Саудовской Аравии
Кто выращивает фисташки в Таджикистане и как на них много заработать?
Лидеры Узбекистана и Пакистана договорились нарастить двусторонний грузооборот
Банк «Эсхата» предупреждает: «Осторожно, мошенники»
250 млрд евро в год и 300 тысяч солдат. Именно столько потребуется Европе, чтобы защитить себя без помощи США
Главу Хатлона избрали председателем областного подразделения Федерации футбола Таджикистана
Что такое паназиатская кухня и где в Душанбе ее можно попробовать?
Таджикистан пытается диверсифицировать трудовую миграцию. Эксперты считают, что для этого делается недостаточно
Таджикистанца – водителя упавшего в Мойку автобуса – оштрафовали за фиктивную регистрацию мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста