Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Карим Ҳайдаров ва Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров соли равон ба дарёфти ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод « (Звезды Содружества) пешбарӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, ин ҷоиза дар се бахш - илму маориф, фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин фаъолияти гуманитарӣ тақдим гардида, аз мукофотпулӣ (2 млн. рубл), ифтихорнома, нишони фахрии ҷоизадор ва шаҳодатнома ба он иборат аст.

Имсол ба дарёфти ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» 12 номзад аз 8 кишвар довталабӣ намуда, аз ин рӯйхат ҳайати ҳакамони иборат аз ҳамаи намояндагони кишварҳои узви ИДМ 8 нафар гирндагони ҷоизаҳоро муқаррар мекунад ва қарори ҳайати ҳакамон на дертар аз 1 май эълон мешавад.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ барои дарёфти ин ҷоиза аз Қирғизистон - 3 номзад, аз Русия - 2 номзад, аз Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва Молдова - 1 номзадӣ ва ҳамчунин гурӯҳи муаллифони Боғи марказии ботаникии Беларус пешбарӣ шудаанд.