Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз 24 майи соли равон, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ сарфи назар шакли моликияташон баргузории маросими «Занги камолот» манъ шуд. Тайи солҳои ахир ин маросими пешинаи «Занги охир»-ро, ки аз анҷоми соли хониши навбатӣ мужда медод, «Занги камолот» меноманд.

Мувофиқи қарор, дар ин рӯзи 7 июн, ки анҷоми соли таҳсил дар Тоҷикистон ба ин сана муқаррар шудааст, дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон машғулиятҳо тибқи ҷадвали таълим гузаронида шуда, ҳеҷ гуна ҷамъомадҳои тантанавӣ пешбинӣ нашудааст. Солҳои пешин ин маросими санаи 25 май доир мегардид.

Масъулияти иҷрои ин фармон шахсан ба дӯши роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру навоҳӣ, директорони мактаб ва роҳбарони синф вогузор шудааст.

Соли гузашта ба маросими «Занги камолот» дар мактабҳо 45 дақиқа (аз соати 8-00 то 8.45 дақиқа) бахшида шуда, дар баробари суханронии роҳбарону маъмурияти мактаб, ба толибилмон фармони вазири маориф ва илм дар бораи баргузории маросими «Занги камолот» ва имтиҳоноти хатми мактаб қироат шуд. Соли гузашта бори нахуст маросими «Занги камолот» бидуни ҳузури волидони хонандагон гузаронида шуд.

Соли чорум аст, ки чорабинии «Занги камолот»дар мактабҳои Тоҷикистон моҳи июн баргузор мешавад. Ин қарор ба хотири иҷрои тамоми барномаи таҳсили 34-ҳафтаина қабул шуд, зеро бар асари сардиҳо таътили зимситонаи хонандагон то 1 моҳ дароз карда шуд.