Нашрияи СССР менависад , собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, ки санаи 21 июн ба озодӣ баромад, чашмашро дар шаҳри Маскав ҷарроҳӣ кардааст.

Ҳамин тариқ, нашрия ҳамаи маълумоти ВАО дар бораи Тоҷикистонро тарк кардани Ёқуб Салимов ва барои муолиҷа ба Олмон раҳсипор шуданашро рад мекунад.

«Ёқуб ба хориҷа барои табобати чашм рафта буд, аммо на ба Аврупо! Ёқуб на ба Олмон, балки ба Маскав рафту 3 рӯз истод ва чашмашро аз назорати табибон гузаронда, дар клиникаи машҳури Святослав Федоров ҷарроҳӣ карда, зуд ба Душанбе баргашт», - омадааст дар хабари нашрия.

Дар хабар ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳоло Ёқуб Салимов дар хонааш аст ва ҳавлияшро каму беш таъмир дорад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Ёқуб Салимови 60-сола, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои муолиҷа ба Олмон рафтааст . Абӯбакр, писари Ёқуб Салимов дар суҳбати телефонӣ ба савол дар бораи дарвоқеъ ҳам ба хориҷи кишвар сафар кардани падараш посух дода буд, ки: «Айни замон ӯ дар Тоҷикистон қарор надошта, ба кайҳон парвоз кардааст».