Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин муаррифии санъат ва фарҳанги тоҷик аз 27 май то 2 июни соли 2017 дар Ҷумҳурии Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар доираи рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои «Тоҷикистони муосир», муд ва либосҳои миллӣ, «Китоби Тоҷикистон ва филмҳои тоҷикӣ дар назар аст.

Роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зевар дар ӯҳда дошта, ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомиланд.

Иштирокчиёни рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашхобод ва дигар мавҳзеъҳои ин кишвар барномаҳои ҷолиби консертиро, ки иборат аз сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун, инчунин сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманӣ аст, манзури тамошобинони кишвари ба мо дӯст менамоянд.