Миқдори нахустини таксиҳои мусофирбари тамғаи чинии JAC S3, ки дар Қазоқистон истеҳсол шудааст, ба пойтахти Тоҷикистон оварда шуд. Ба наздикӣ онҳо дар роҳҳои пойтахт равуо хоҳанд кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини директори ширкати “Холдинг Азия Групп Тоҷикистон” Султон Камолов хабар дод, қатораи аввалини иборат аз 30 автомашина аз Хуҷанд ба Душанбе расид.

Ба гуфтаи Камолов, муддати ду сол дар маҷмӯъ 2 ҳазор автомашинаҳои тамғаи JAC S3 ва Peugeot ба Душанбе интиқол ёфта, марҳила ба марҳила таксопарки кӯҳнашудаи пойтахт ва гирду атрофи он бо автомашинаҳои истеҳсоли Қазоқистон иваз карда мешавад.


“Дар мувофиқа бо раҳбарияти шаҳр мо аллакай тариқи озмун ронандаҳоро интихоб кардем, - иброз дошт ӯ. - Ронандагон шартнома баста, муддати се сол бо пардохти арзиши онҳо, автомашинаҳоро харидорӣ карда метавонанд”.

Автомашинаҳои нав ба ивази таксиҳои сесомонигӣ дар маркази пойтахт ҳаракат карда, табиист, ки роҳкиро қиматтар хоҳад буд, маблағ аз рӯи нишондиҳандаи ҳисобкунак пардохт мешавад.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз арзиши равуо дар таксии “Азия-Экспресс” дар пойтахт 2,5 сомонӣ барои 1 километрро ташкил медиҳад. Илова ба ин, мизоҷ арзиши равуои таксӣ аз истгоҳ то назди мусофирро низ пардохт мекунад.

Айни замон ширкати “Азия-Экспресс”  100 адад автомашинаҳои сабукрави таксии тамғаи КИА ва «Тойота»-ро дар ихтиёр дошта, онҳо то соли 2020 ба сокинони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд ва сипас ба фурӯш гузошта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл миёни ширкати AllurGroup-и Қазоқистон ва ширкати «Холдинг Азия Групп Таджикистан» Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он, 1 ҳазору 500 адад автомобилҳои навъи Peugeot (седан) ва 500 адад автомобилҳои навъи JAC S3 (кросовер)-и дар Қазоқистон васлу насбшуда ба Душанбе оварда мешаванд.