Мувофиқи Нақшаи генералии Душанбе дар ҷойи бозори «Шоҳмансур», ки миёни мардум бо номи «Зелёний» маъруф аст, маркази муосири савдо қомат меафрозад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷойи бозор «маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад».

Ҳамчунин таъкид шуд, ки мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр, то соли 2040 80 фоизи иншооти замони пешин сохташудаи Душанбе кӯчонида шуда, хонаҳои пастошёна аз байн бардошта мешаванд ва ба ивази онҳо манзилҳои бисёрошёна қомат меафрозанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9 октябр раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар бораи барҳам додани бозори Шоҳмансур ва ҷудо кардани ҷубронпулӣ ба моликони иншооти бартарафшаванда қарор ба имзо расонид.

Бо қарори раиси пойтахт, тамоми қаламрави холишуда бо андозаи 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии пойтахт дохил карда мешавад: бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ аст.