Дар Қасри санъати "Истиқлол"-и шаҳри Тошканд рӯзи 28 декабр консерти яке аз машҳуртарин сарояндаҳои Испания Энрике Иглесиас баргузор мешавад, маблағи харҷи онро яке аз сарватмандони ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов пардохт мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва Иттиҳоди ҷавонони ин кишвар дар якҷоягӣ бо чанд созмони дигар билетҳои консерти мазкурро миёни ҷавонони боистеъдоди ӯзбек ройгон тақсим мекунанд.

Гуфта мешавад, ба ҷуз ин, ҷавонони муассисаҳои таълимии гуногун, ки дар таҳсил ба дастовардҳо мушарраф шудаанд, низ метавонанд ба консерт роҳ ёбанд.

Зикр мегардад, ки Энрике Иглесиас - севумин сарояндаи ғарбӣ аст, ки дар моҳи ҷорӣ бо даъвати Алишер Усмонов ба Ӯзбекистон меояд. Дар моҳи ҷорӣ то ин дам сарояндаи бритониёӣ Роббӣ Уилямс ва ҳунарманди машҳури испанӣ Хосе Каррераса дар Тошканд ҳунарнамоӣ карданд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, консерти ситораҳои Ғарб дар Тошканд туҳфаи солинавии Усмонов ба сокинони Ӯзбекистон аст.