Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки масъалаи манъи воридоти нақлиёти автомобилии истеҳсоли то соли 2005-ро барррасӣ кунанд.

Муовини сардори Хадамоти гмруки Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни ншасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Сарвари давлат аз зиёни беҳад зиёди автомобилҳои кӯҳна ба вазъи экологӣ ва пурбору пурҳаракат будани роҳҳои кишвар нигарон аст.

Зимнан зикр гардид, ки масъалаи мазкур айни замон мавриди омӯзишу баррасии мақомоти дахлдор қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш, рӯзи 25 январ сардори яке аз шуъбаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саидусмон Судуров ба рӯзноманигрон иттилоъ дод, ки воридоти воситаҳои нақлиёти бароришаш то соли 2005 ба ҷумҳурӣ манъ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба омӯзишу таҳлили ин масъала гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, лоиҳаи дахлдор ба баррасии ҳукумат пешниҳод ва дар сурати аз маъқул шуморида шудани он, аз 1 апрели соли ҷорӣ воридоти автомобилҳои истеҳсоли то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ мешавад.

«Ин тасмим баҳри таъмини амнияти экологӣ роҳандозӣ мешавад, зеро автомобилҳои кӯҳна ҳаворо ифлос мекунанд, бахусус ин вазъ дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳои бузурги аҳолининишин аён аст», - гуфтааст Судуров.

Дар шарҳи масъала номбурда ҳамчунин изҳор намудааст, ки «агар партовҳои корхонаҳо дар як баландии муайян бароварда шаванд, пас баландии партовҳои зиёновари автомобилҳо аз 50 то 150 сантиметрро ташкил медиҳад, яъне одамон аз он бар зарари худ нафас мекашанд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.