Дар барномаи ҷамъбастии Сирки давлатии Ӯзбекистон дар саҳнаи Сирки давлатии ҷумҳурӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба меҳмонони ӯзбек изҳори сипос намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, Орумбекзода ба рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баҳои мусбат дода, иброз дошт, ки ҳамаи ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвар ба даст омадааст.

«Имрӯз санъати сиркӣ барои амалӣ гардонидани сиёсати дарҳои боз ҳиссаи худро гузошта истодааст», - зикр намуд вазири фарҳанг.

Гуфта мешавад, сипас Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос ба вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоевро ба ҳунармандони Сирки давлатии Ӯзбекистон супорид.

Ҳамчунин номаи сипос аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба номи аҳли эҷоди Сирки давлатии Ӯзбекистон ба директори гурӯҳи эҷодии Сирки давлатии Ӯзбекистон Нарзинисо Алиева, ки Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон аст, супорида шуд.

Роҳбари Сирки давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов ба ҳамаи 12 нафар ҳунарпешагони Сирки давлатии Ӯзбекистон, ки тӯли як моҳ дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд, ифтихорнома супорид. Инчунин ҳамаи меҳмонон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва армуғони тоҷикӣ қадр карда шуданд.

Хотиррасон мешавад, ки барномаҳои сиркии ҳунарпешаҳои ӯзбек аз 30 декабри соли 2017 то 29 январи соли 2018 намоиш дода шуданд. Барномаи ҷолибу шавқовари меҳмонон аз намоишҳои гимнастҳо бо лассо, гимнастҳо бо халқа, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда аз қабили сагча, пони, маймунча, оҳу ва саҳнаҳои пур аз ҳазлу шӯхӣ бо масхарабозон иборат буд, ки аз ҷониби тамошобини тоҷик хеле хуш пазируфта шуд.