Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода изҳор намуд, ки бинобар сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошта шуд.
«Баъзе мушкилиҳо пайдо шуданд, ки онҳоро ҳал мебояд кард ва айни замон онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор доранд. Иншооти мазкур бузург буда, барои бунёди он вақт ва маблағ зарур аст. Ҷараёни сохтмон муваққатан боздошта шуда, ояндаи наздик корҳо дубора оғоз мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки бо назардошти ин таваққуф, анҷоми сохтмони Театри миллии Тоҷикистон солҳои 2019-2020 ба нақша гирифта шудааст. «Умедворем, ки иншоот дар муҳлати муқарраршуда мавриди истифода қарор мегирад», - афзуд вазир.
Қобили зикр аст, ки бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд.
Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.
Таъкид мешавад, ки лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз тарафи ҳукумати кишвар таъйин шудааст, ки онҳо Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП “Сирдарё” мебошанд.





Против течения. Женщины Таджикистана, которые не согласились быть «как все»
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и 8 марта!
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 марта 2026 года
Трамп пригрозил Ирану «очень мощным ударом»
«Каждая образованная девушка — это будущее нации». Что сказал Эмомали Рахмон в поздравлении с Днем матери
Нилуфари Сарбоз: «Профессия показала мне другие стороны людей»
Новый сезон начинается: интриги, трансферы и прогнозы чемпионата Таджикистана-2026
Иди Сари сол: Что это за праздник, который отмечают худжандцы?
В Душанбе похоронили пропавшую студентку столичного Медколледжа
Пезешкиан: Иран не будет атаковать соседние страны, если с их территории не будет ударов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста