Нимаи дуюми рӯзи 15 май аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон гардиданд.
Меҳмонони нахустин хатсайри Тошканд - Хуҷандро, ки аз намояндагони мақомоти нақлиёту ширкатҳои сайёҳӣ ва журналистони кишвари ҳамсоя иборат буданд, дар истгоҳи «Роҳи абрешим»-и шаҳри Хуҷанд самимона истиқбол намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронӣ дар маросими истиқбол муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода қайд кард, ки кушодашавии чандин гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, рафтуомади доимии мусофирон ва гардиши мол байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баррасӣ гардиданд ва чорабинии имрӯза низ давоми мантиқии ин ташаббусҳо мебошад.
Зикр шуд, ки имрӯз аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд ва пагоҳ, 16 май автобуси нахустини ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканд раҳсипор мегардад. Нархи роҳкиро аз ҳарду ҷониб 50 сомонӣ муқаррар гардидааст. Масофаи роҳи хатсайр 174 километр, вақти сафар 4,5 соат аст.
Намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Қурбналӣ Хидирзода иброз дошт, ки муддати ду-се ҳафтаи оянда равуои нақлиёти мусофирбар тариқи тамоми хатсайрҳои мувофиқашуда, аз ҷумла аз Исфараву Конибодм ба Қӯқанд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона, хатсайрҳои Душанбе - Тирмиз, Душанбе - Деҳнав, Душанбе - Тошканд, Панҷакент - Самарқанд, Панҷакент - Бухоро ва Шаҳритӯс - Тирмиз ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ байни давлатҳои 10 хатсайри равуои нақлиёти мусофирбар амал хоҳад кард.
Хидирзода ҳамчунин шаҳрвандонро огоҳ кард, ки зимни сафар бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд ва барои кӯдакони синни то 5-сола шояд равуо бепул шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Где в Таджикистане сдать тест на ДНК и во сколько это обойдется?
В Душанбе проходит выставка художниц из «Мастерской Оро»
В Кабуле талибы захватили дом Захира Агбара и Абдулрашида Дустума
В Таджикистане предупредили о риске появления чумы
Эмомали Рахмон обсудил в Риме ход строительства Рогунской ГЭС
Началась Всемирная неделя иммунизации
КЧС предупредил о возможном буйстве стихии в Таджикистане
Сборная Таджикистана по футзалу вышла в полуфинал Кубка Азии-2024
В Душанбе состоится выставка отечественных и зарубежных товаропроизводителей
Пыль из Сахары окрасила греческие Афины в оранжевый цвет
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста