Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон овозаҳои пайдошуда дар ҷомеа доир ба ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитрро рад мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Марказ қайд мешавад, ки ахиран дар бархе аз васоити ахбори омма сару садоҳое дар мавриди гӯё маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитр ба назар мерасад, ки чунин хабарҳо бебунёду асосанд.

- Махсусан, дар чунин матлабҳо иддао мешавад, ки гӯё дар рӯзи иди Фитр дар макотиби кишвар имтиҳонҳо гузаронида мешавад, - омадааст дар изҳорот. - Ин дар ҳоле, ки ҳанӯз таърихи дақиқи иди саиди Фитр аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон нагардидааст.

Гуфта мешавад, нашри чунин хабарҳои ғайримуътамад ҳам боварии хонандагон ба расонаҳоро коста гардонида, ҳам нофаҳмиҳои дигарро дар ҷомеа ба миён оварда метавонад.

Дар фарҷом Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон нашри ҳар хабари носанҷидаи марбут ба масоили диниро маҳкум намуда, аз расонаҳои иттилоотӣ даъват ба амал овардааст, ки дар самти нашри ахбори соҳаи дин бо мақоми ваколатдор ҳамкорӣ намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.