Собиқ бозори Шоҳмансур бо қарори раиси шаҳри Душанбе моҳи октябри соли гузашта кӯчонида шуд. Ҳукуматдорон он замон ба соҳибкорони бозор ҷубронпулӣ ваъда карда буданд, лекин то ҳол он пардохт нашудааст. Соҳибкорон дари мақомотро охурча карда, вале бенатиҷа. Акнун онҳо танҳо ба раиси пойтахт умедворанд.

Нисбат ба фурӯшандагон, ки аксарашон дар бозори «Меҳргон» ҷой гирифтанд, моликони нуқтаҳои фурӯш имрӯз ба ҳоли ногувор афтодаанд.

Ба гуфтаи тоҷирон-соҳибмулкон, вақте бозорро кӯчониданд, ба моликони мағоза, фурӯшгоҳҳо, ошхона, сартарошхонаҳо, дӯконҳои дӯзандагӣ, фурӯшгоҳҳои мебел ва дигар нуқтаҳои хизматгузорӣ ҷуброни зиёнро дар натиҷаи кӯчонидан ваъда карда буданд.

Кумитаи амволи давлатӣ арзиши ин иншоотро аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ барои як метри мураббаъ баҳогузорӣ кард. Маблағи умумии ҷубронпулӣ тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, наздики 60 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи намояндаи гурӯҳи соҳибкорон, онҳо ҳар моҳ ба буҷети шаҳр тақрибан 200 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда, беш аз 500 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буданд, ба ободонии пойтахт саҳм мегузоштанд, ба камбизоатону ятимон кумак мекарданд, лекин аллакай муддати як сол аст, ки бекоранд.

«Бисёре аз мо аз бонкҳо ва наздикону шиносҳо қарз гирифта будем. Акнун чизе надорем, ки пулҳои онҳоро баргардонем», - шикоят мекунанд онҳо, ки дар робита ба ин аксарияташон ба мушкилотҳо дучор гардидаанд.

Бори охир рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта онҳоро муовини раиси пойтахт Фаррух Ҷумъазода ба ҳузур пазируфта, ба саволи соҳибкорон дар бораи ҷубронпулӣ бо ҳайрат посух додааст: «Ин чӣ гуна шудааст?». Ва ба муовини дигари раиси пойтахт – Бахтиёр Назирмадзода занг задааст, ки ба ин масъала масъул аст. Сипас ҷавоби ӯро ба онҳо расонбдааст: «Ӯ дафъаи гузашта ба шумо аллакай посух дода буд». Соҳибкорон мегӯянд, ӯ доимо ҳаллу фасли мусбати масъаларо ваъда медиҳад, лекин натиҷае ҳосил намешавад.

Акнун соҳибкорон ният доранд, ки мустақиман ба худи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ муроҷиат кунанд, зеро муовинони ӯ аз уҳдаи ҳалли мушкилот намебароянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.