Байторон аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик аз Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) мотосикл ва лавозимоти байториро ба даст меоранд. Имрӯз таҷҳизоти зикргардида бо тантана ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Хоҷагиҳое, ки дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ҷойгир мебошанд, аз норасоии хизматрасониҳои байторӣ танқиси мекашанд. Аз ин лиҳоз ташкилоти ФАО мувофиқи мақсадҳои лоиҳаи чорсолаи худ, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, дар ҳалли ин мушкилиҳо кӯмаки худро мерасонад.

Дар ҳоле, ки сад адад мотосиклҳои Irbis Intruder XY150 ва лавозимоти байторӣ дар ҳафтаҳои наздик ба байторон супорида мешаванд, афзалият ба он байтороне дода мешавад, ки ба талаботҳо ҷавобгӯ буда, соҳиби дониш ва маҳоратанд, эҳтиёҷ ба таҷҳизот доранд ва онҳое, ки бидуни нақлиёт дар қисматҳои дурдасти ҷуғрофӣ фаъолият намуда, хизматрасониҳои худро пешниҳод менамоянд, дода мешавад.

«Ҳангоми тағиротҳои сохторӣ ва институтсионалии соҳа таъмин намудани кӯмаки зарурӣ ба ташкилотҳо ва зерсохторҳо, ки мавриди чунин тағиротҳо қарор мегиранд, муҳим мебошад,” гуфт намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев. «Тақвияти қобилияти муассисаҳои хусусӣ ва давлатӣ бо мақсади пешниҳод намудани хизматрасониҳои байторӣ, яке аз қисмҳои асосии ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ буда, бевосита ба сифати назорат ва идоракунии сектори озуқаворӣ вобастагӣ дорад.»

«Мо ба шариконии миллии худ бо он мақсад кӯмак мерасонем, ки онҳо ба ҳадафҳои рушди худ бирасанд.» илова намуд Гучгелдиев. «Дар натиҷаи супоридани таҷҳизоти номбурда хоҷагиҳои дурдаст хизматрасониҳои байтории хубу саривақтӣ мегиранд ва хоҷагиҳои хурди кишоварзӣ бештар самаранок мегардан.»

«Ман аз он изҳори хушнудӣ дорам, ки Иттиҳоди Аврупо дар чунин лоиҳаи пурарзиш иштирок мекунад – дар ҳақиқат, бо дарназардошти ҷуғрофия ва ландшафт, масофаи дурӣ ва норасоии хадамоти бойторӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, таҳвили мотосиклҳо ва маҷмӯи асбобҳои бойторӣ бешубҳа вазъиятро тағир медиҳанд ва ба фермерон дар саросари кишвар кӯмак мерасонанд» - таъкид намуд Мэрилин Йосефсон, Сафир, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Маросими супоридани таҷҳизот имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ баргузор гардид ва дар он намояндагони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ФАО иштирок варзиданд. Маросими имрӯзаи супоридани таҷҳзот яке аз силсилаи маросимҳо мебошад, ки дар чаҳорчубаи амалишавии лоиҳаи ФАО «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати  давлатии  байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад ба анҷом расонида шудааст.

«Ин ташаббуси хеле хуб мебошад, ки аз ҷониби лоиҳа ва Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини дастрасии беҳтари хизматрасониҳои байторӣ барои аҳолии деҳоти минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Балҷувон, Ишкошим, Мургоб, Ховалинг ва бисёр ноҳияҳои дигар равона карда шудааст,» қайд кард намояндаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ таҳти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Зиёда аз 90 фисади чорвои калон ва хурди шохдор дар Тоҷикистон дар хоҷагиҳои хурди саросари кишвар паҳншуда, нигоҳдорӣ карда мешаванд. Масофаи дароз байни деҳаҳо, набудани воситаҳои нақлиёт ва роҳҳо барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои байторӣ монеаҳо ба вуҷуд меоранд. Дастраси ба мотосикл ва лавозимоти байторӣ сифати пешкаши хизматрасониҳо ва даромадро меафзояд, ки ба нигаҳдории солимии чорво ва маҳсулнокӣ таъсири мусбӣ мерасонад.