Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз масъалаи марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” баррасӣ мекунад.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои мазкур, ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба доштани сомонаи худ дар шабакаи интернет уҳдадор мешаванд, ки бояд дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумон, вакил Олим Салимзода.

Зимнан зикр гардид, ки тағйироту иловаҳои мазкур ба тақвияти мубориза бо пулшӯйӣ, ҳамчунин пешгирии маблағгузорӣ ба созмонҳои террористиву ифротгаро нигаронида шудааст.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ” соли 2007 қабул шуда, муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба истифодаи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзим мекунад.

Амали қонун ба ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии бо тартиби муқаррарӣ таъсисёфта, ба ҷуз иттиҳодияҳои ҷамъиятие (созмону ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва амали онҳо бо қонунҳои ҷудогона танзим мешаванд, дахл дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.