Муносибати русиягиҳо нисбат ба муҳоҷирон нисбатан мусбат шуда, онҳо хостори ба Русия омадани шаҳрвандони русзабони ҷавон ва саводноки дигар кишварҳо мебошанд, шаҳодат медиҳад маълумоти нашршудаи Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷомеа (ВЦИОМ). Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Тайи панҷ соли охир муносибати пурсидашудагон дар мавриди ҳузури муҳоҷирон дар як қатор соҳаҳо – мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (аз 86% то 74%), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (аз 84 то 69%), маориф (аз 81 то 58%), тиб (аз 76 то 51%), хӯроки умумӣ (аз 70 то 43%) ва нақлиёти ҷамъиятӣ (аз 68 то 58%) нисбатан мусбат шудааст”, - қайд мешавад дар пурсишнома.

Роҳбари департаменти таҳқиқоти Марказ Степан Лвов инро ба омилҳои зерин нисбат додааст: одати кардани русиягиҳо ба муҳоҷирон, ки танҳо барои кор меоянд; пайдо шудани муносибати созанда ва оқилона ба муҳоҷирон ва вазъи мушкили Аврупо бо муҳоҷирон нисбат ба Русия.

Дар рейтинги “мардумӣ” оид ба вуруд ба Русия намояндагони Беларус (25%), Украина (21%), Олмон (16%) ва Қазоқистон (15%) дар сафҳои пеш қарор доранд. Дар рейтинги муқобили он намояндагони кишварҳое чун Тоҷикистон (15%), Ӯзбекистон (14%), Украина (13%), ИМА (11%) ва Чин (9%) ҷойгир шудаанд.

Ба шуғли муҳоҷирон бештар дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунӣ (74%), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (69%), соҳаи маориф (58%), нақлиёти ҷамъиятӣ (58%), савдо (40%) ва тиб (51%) назари мухолиф изҳор шудааст.

Ба дар бахшҳои хизматрасонӣ (64%), хоҷагии коммуналӣ (62%) ва сохтмон (49%) ба кор машғул будани муҳоҷирон назари нисбатан мусбат баён шудааст.

Дар ҳамин ҳол, 48% пурсидашудагон бар ин назаранд, ки муҳоҷирон камбуди қувваи кориро дар вазифаҳои маошашон паст ҷуброн мекунанд. Ҳамзамон нисфи русиягиҳо (50%) ҷалби муҳоҷирони рус ва русзабон, маҳдудияти вуруди дигар миллатҳо, дастгирии вуруди шаҳрвандони ҷавон ва босаводро дастгирӣ кардаанд.

Мушкилот аз ҳузури муҳоҷиронро пурсидашудагон тақвияти имконпазири сатҳи ҷинояткорӣ (51% пурсидашудагон) ва баланд шудани рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат (49%) унвон кардаанд.

Назарсанҷии умумирусиягии мазкур 16 декабри соли 2018 баргузор гардида, дар он русиягиҳои синни аз 18-сола боло иштирок кардаанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.