Китоби нав – маҷмӯаи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа таҳти унвони «О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан» (Дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо забони русӣ дар матбааи “Контраст” ба нашр расид.

Маҷмӯаи суханрониҳои Президент бо ибтикори ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Народная газета” – нашрияи ҳукумати Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Таҳиягарони китоб – муаллифи муқаддимаи он доктори илмҳои таърих, сармушовири дастгоҳи ёварони президенти Тоҷикистон оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, сардабири рӯзномаи “Народная газета” Маҳбуба Камолова мебошанд.

“Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва роҳбари сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири Тоҷикистон аст. Дар китоби нашршуда бори нахуст матнҳои марбут ба сиёсати хориҷии кишвар дар паёмҳои ҳамасолаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони Тоҷикистон давоми солҳои 2000 – 2018 гирдоварӣ шудааст”, - қайд мекунанд муаллифони маҷмӯа.

Қобили зикр аст, ки шакли электронии маҷмӯа дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас буда, нашри чопии онро дар китобхонаҳо ва мағозаҳои китоби шаҳри Душанбе метавон дарёфт намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.