Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоти худ бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят, 25 январ ба сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, то донишҷӯёнеро, ки тариқи квотаи президентӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, онро хатм мекунанд, барои кор ба муассисаҳои тиббии вилоят баргардонанд.

“Роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд бо донишҷуёне, ки аз ҳудуди вилоят дар курсҳои болоии Донишгоҳи тибии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, мулоқотҳо ташкил карда, онҳоро барои кор дар муассисаҳои тандурустии вилоят даъват намоянд. Дар утоқҳои корӣ нишаста мушкили кадрҳоро ҳал карда намешавад”, - иброз намуд Қурбон Ҳакимзода.

Ин дастури раиси вилоят дар ҳолест, ки тибқи маълумоти ироанамудаи Сайдулло Малайзода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, имрӯз дар ҳудуди вилоят 926 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ намерасад.

“Дар вилояти Хатлон 353 маркази саломатӣ мавҷуд аст, аммо дар 123 маркази тиббӣ духтурҳои дорои маълумоти олӣ фаъолият надоранд”,-гуфт Сайдулло Малайзода.

Ба гуфтаи Сайдулло Малайзода тайи ду соли охир 44 нафар духтурҳои дорои маълумоти олӣ ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Сабаби тарки ҷойи кор кардани духтурҳои дорои маълумоти олиро Малайзода набудани озмоишгоҳҳо ва дастгоҳҳои замонавии тиббӣ шарҳ дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ шароити кор ва ҷойи зист муҳайё карда шавад.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 3 ҳазору 671 нафар духтурҳои дорои маълумоти олӣ, 17 ҳазору 493 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Дар ҳудуди вилоят танҳо 3 нафар доктори илми тиб, 24 нафар номзади илми тиб ва 23 нафар унвонҷӯ кор мекунанд.