Дар Тоҷикистон оид ба муайян намудани афзалиятҳои расонавии аҳолӣ пурсиш оғоз гардид. Ба муҳаққиқон лозим аст, муайян кунанд, ки имрӯз аҳолӣ кадом шабакаҳои телевизиониро мебинад, чиро мешунавад ва мехонад. Пурсиш наздики 2,5 ҳазор нафарро дар тамоми ҷумҳурӣ фаро мегирад.

Тадқиқоти мазкур лоиҳаи муштараки созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи ин тадқиқот муайян намудани сатҳи истифодаи воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва фанновариҳои нав аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон аст.

 «Ин тадқиқот марҳилаи дуюм оид ба муайян намудани  афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар аст, - гуфт директори ТҶ «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсупов. – Дар соли 2018 мо натиҷаҳои тадқиқотеро, ки охири соли 2017 – оғози соли соли 2018 баргузор шуда буд, муаррифӣ кардем. Ҳанӯз ҳамон вақт тамоюли тағйиротҳои назаррас дар афзалиятҳои аҳолӣ ба  воситаҳои ахбори омма ба назар расид. Ҳокимияти бечунучарои пешинаи ВАО-и анъанавӣ бо пайдоиши Интернет ва абзорҳои гуногун, ки ҳам шумораи истифодабарони расонаҳо ва ҳам шумораи гуногунии муҳтавои пешниҳодшавандаро афзоиш доданд,  вайрон шуда буд. Тадқиқоти мазкур бояд нишон диҳад, ки бо гузашти як сол вазъ чӣ гуна тағйир ёфтааст».

Тадқиқот мухотабони ВАО-и гуногунро муайян ва оид ба рушди минбаъдаи соҳа самтҳоро пешниҳод менамояд. Натиҷаҳои тадқиқот инчунин нишон медиҳанд, ки  ВАО-и анъанавӣ бо кадом самтҳо бояд ҳаракат кунад ва барои расонаҳои нав чӣ имконоте боз шуда метавонанд.

Методологияи тадқиқот аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» таҳия шудааст. Натиҷаҳои тадқиқот дар моҳи апрели соли 2019 муаррифӣ мегарданд. Тавре директори иҷроияи МТС «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода иброз дошт, сохторҳои гуногуни кишвар ба натиҷаҳои тадқиқот манфиатдоранд. Ба онҳо пеш аз ҳама худи идораҳои ВАО, рекломдиҳандагон, инчунин созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки ба рушди ВАО ҳавасманданд, шомил мешаванд. Натиҷаҳои тадқиқот барои мутахассисони соҳавӣ – маркетологҳо, рӯзноманигорон, менеҷерони расонавӣ ва блогерҳо низ ҷолиб хоҳад буд.

Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ 367 рӯзнома (107 давлатӣ ва 260 ғайридавлатӣ);  239 маҷалла (110 давлатӣ ва 129 ғайридавлатӣ); 34 шабакаи телевизионӣ (8 давлатӣ ва 26 ғайридавлатӣ); 30 радио (6 давлатӣ ва 24 ғайридавлатӣ); 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ) ва 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунанд

Тадқиқот бо дастгирии молиявии сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор мешавад.