Ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба санаи 20 апрел рост меояд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ҷорабиниҳои сершумор баргузор мешаванд.

Рӯзи 20 апрел бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бинои нави мактаби №6 дар ноҳияи Шоҳмансур (рӯ ба рӯи Театри лӯхтак) ва дар боғи ба номи Фирдавсӣ (собиқ Дӯстии халқҳо) Амфитеатр ифтитоҳ мегардад.

Ғайр аз ин, дар ин рӯз бо иштироки президенти мамлакат ба корҳои таъмиру навсозии комбинати истеҳсоли орди Душанбе ҳусни оғоз бахшида мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Чорабинии асосии варзишӣ Ниммарафони 10-уми байнулмилалӣ хоҳад буд, ки дар он варзишгарони 27 кишвар рақобат мекунанд: мусобиқа соати 8-субҳ оғоз мегардад. Соати 14:00 дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ зикр карданд, ки ба ин муносибат беҳтарин кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Душанбе бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамчунин аз озмунҳои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар корҳои ободонии шаҳр”, “Беҳтарин мураббӣ” ва “Беҳтарин хонанда”, озмуни доваталабони дарёфти стипендияи раиси пойтахт барои беҳтарин хонандагону донишҷӯён натиҷагирӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.