Ҳавопаймое, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 25 май аз шаҳри Сургут ба самти Хуҷанд парвоз кард, ба мушкилӣ дучор шуда баъди чархзании қариб сесоата дар фурудгоҳи байнулмилалии Сургут нишаст.
Нишасти садамавии ҳайвопаймои “Боинг 737” ширкати “Ютэйр”, ки аз Сургут ба Хуҷанд парвоз анҷом медод, бидуни ҳолатҳои фавқулода анҷом ёфта, ҳамаи 136 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати сарнишинон осебе надиданд, менависад РИА Новости.
Ҳавопаймо соати 16:45 дақиқаи вақти Маскав парвоз карда, лекин баъди чанд дақиқа бозгашт ба нишастро дархост мекунад ва барои фурудоии бехатар муддати се соат дар фазои Сургут сӯзишвориро харҷ мекунад. Парвозҳо дар фазои Сургутро харитаи онлайни Flightradar24.com низ сабт кардааст. Ҳавопаймо соати 19:40 дақиқа ба вақти Маскав дар Сургут фуруд омад. Қайд мешавад, ки аксарияти мусофирони ин хатсайр муҳоҷирони меҳнатии тоҷик будаанд.
Намояндаи хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “ЮТэйр” ба ВАО-и Русия иттилоъ додааст, ки пас аз оғози парвоз дар низоми идоракунии ҳавопаймо мушкилиҳо рӯйи кор меоянд. Мувофиқи ин маълумот, ҳамин гуна мушкилӣ бо ҳавопаймои «Боинг 737» қаблан аз ҷумла зимни садамаи ҳавопаймо дар Адис-Абеба (10 марти соли 2019) ва Индонезия (29 октябри соли 2018) ба қайд гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.