Маъракаи даъвати навбатӣ ба охир расида, касе хурсандона ба хонааш баргашта, зиндагии минбаъдаро тарҳрезӣ мекунад. Ҷойи сарбозони “кӯҳансол”-ро акнун нафароне мегиранд, ки аллакай якуним сол хизмат карда, бесаброна фармони навбатии рухсатиро дар моҳи сентябр интизоранд.

Фазлиддин, ки соли 2017 бо роҳи маҷбурӣ қапида бурдан (облава) дар бозор ба хизмат рафта буд, тирамоҳ ба хона бармегардад.

“Аввал душвориҳо буданд, баъдан писарам ба хизмат одат кард, - мегӯяд падари ӯ Шарофиддин, омӯзгор. - Дар хона ҳам мо хавотирӣ доштем, лекин баъд одат кардем. Акнун ифтихор дорам, ки писари калониам дар артиш хизмат мекунад. Худо хоҳад, тобистон баргашта, барои ба мактаби олӣ дохил шудан тайёрӣ мебинад”.

Падари Фазлиддин мегӯяд, пеш аз хизмат писараш беҳудагардиву авбошӣ мекард ва акнун умедвор аст, ки дар хизмат ақлаш ба ҷояш даромадааст.

“Чанде пеш ба рухсатӣ омада буд, ман ҳайрон шудам, ки то чӣ андоза рафтораш хуб шудааст. Дар хизмат ӯ ҳурмат кардани калонсолонро омӯхтааст, бахусус бо модару хоҳаронаш меҳрубонона рафтор мекунад”, - изҳор мекунад падари сарбоз.

Ӯ чанде аз навиштаҷоти писарашро дар дафтар ҳангоми хизмати ҳарбӣ ба мо пешниҳод намуд.

1/13

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.