Рӯзҳои 9-10 июл дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа аз иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 оид ба амалисозии Стратегияи рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ барои давраи то соли 2020 натиҷагирӣ ва лоиҳаи Стратегияи ба ин монанд барои солҳои 2021-2030 мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Гуфта мешавад, иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин ташаббуси таъсис раводид (виза)-и муттаҳидаи Осиёи Марказиро аз рӯи усули Шартномаи Шенген ва пешниҳоди Ӯзбекистонро дар мавриди таъсиси Ярмаркаи ҳамасолаи сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳод низ баррасӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви ИДМ соли 1994 таъсис ёфта, фаъолияташ ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид баҳри рушди робитаҳои байнулмилалии сайёҳӣ, таҳияи стратегияи ягонаи рушди сайёҳӣ дар кишварҳои узви Иттиҳод, мувофиқасозии самтҳои асосии амалисозии сиёсат дар ин бахш, ба вуҷуд овардани маҳсулоти муштараки рақобатпазири сайёҳӣ ва пешбурди пурсамари он дар бозори байнулмилалӣ нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.