Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Кумита хабар доданд, бинобар сабаби болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва ҳамчунин беҳад гармшавии обуҳаво аз пагоҳ, ки дар натиҷа обшавии пиряхҳо босуръату зиёд мешавад, чунин фармони роҳбари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода содир шуд.

“Обшавии босуръат ва зиёди пиряхҳо маъмулан ба фаромадани сел, болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардида, дар робита ба ин, дастаҳои махсус таъсисёфтаи мутахассисони тоҷик доимо сатҳи оби дарёҳоро зери назорат гирифта, дар сурати зарурат, корҳои соҳилмустаҳкамкуниро роҳандозӣ менамоянд”, - гуфтанд дар Кумита.

Бино ба маълумоти КҲФ, то 9 июли соли 2019 ба асари риоя накардани  қоидаҳои шиноварӣ дар кишвар 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафари онҳо то 16-сола, синни 36 тани онҳо болотар аз 17-сола мебошанд. 

КҲФ боисрор дархост мекунад

Дар робита ба обуҳавои беҳад гарм ва хоҳиши оббозӣ кардан, Кумита бори дигар аз аҳолии кишвар боисрор дархост мекунад, ки дар иншооти обӣ қоидаҳои бехатариро риооя намоянд:

- танҳо дар ҷойҳое оббозӣ кунед, ки муҷаҳҳаз гардонида шудаанд;

- кӯдаконро беназорат нагузоред;

 - агар шумо шиноварӣ наметавонед, пас набояд ба обе, ки аз зонуи шумо болост, ворид шавед;

- дар об на бештар аз 15-20 дақиқа бимонед, зеро аз ин бештар метавонад боиси рагкашӣ шавад;

- аз соҳили ноошно ба об паридан қаъиян манъ аст; 

- шинокунон аз соҳил дур наравед, ки шояд барои бозгашт ба соҳил қувваатон нарасад; 

- дар об ҳамдигарро доштан, аз пойи ҳамдигар қапидан, якдигарро тарсонидан ва ё тела додани шарикон ба умқи обҳо манъ аст;

- агар дар мавҷ андармон шудед, талош накунед бо он мубориза баред, хуб аст, ки ба самти соҳил ҳаракат кунед.

Дар ҳоли сархӯшӣ аз машрубот оббозӣ накунед!

Телефонҳои хадамоти наҷот: «112» ва ё  93 880 28 19

Ҳаво беҳад гарм мешавад

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, давоми рӯзҳои 11-18 июл ҳарорати ҳаво дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои миёнаи солона 5-7 дараҷа боло рафта,  рӯзона то 40-42 дараҷа ва дар минтақаи биёбон то 43-45 дарҷа гарм мешавад.

Чанде аз қоидаҳои бехатарӣ ва тавсияҳоро дар мавриди чӣ гуна рафтор намудан дар гармии тоқатфарсо хотиррасон менамоем:

* тӯли рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшида нигоҳ доред, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонед тирезаҳоро боз монед, албатта агар ин бехатар бошад;

 * ҳангоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона тани танҳо нагузоред;

* як обпоши одӣ харед ва ҳангоми гармӣ аз вақт ба вақти дигар манзил ва атрофро об пошед;

* агар дар хона ҳавополо доред, пас талош накунед ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоед. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд;

* нагузоред, ки ҳарорати баданатон хеле гарм шавад, бештар об нӯшед. Баданатонро бо оби сард пок кунед, вориди душ шавед, аз саратон об резед, пойҳоятонро муддатҳо дар оби сард нигоҳ доред;

* аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯед ва талош кунед ҳамеша дар соя бошед, то имкон доред, дар айёми гарми рӯз, аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароед. Бахусус, тавсия намешавад, ки шумо дар ин соатҳо бо кӯдакон гардиш кунед. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунед;

* дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошед, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиред;

* бештар об нӯшед, мева истеъмол намоед ва меваҳо дорандагони аслии ҳар гуна витаминҳои ва намакҳои минералӣ мебошанд. Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунед ва ё обҳои бегази минералӣ нушед. Бубинед, ки об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад ва бар асари он сироятпазирии бадан паст мешавад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоед;

* бачаҳоро дар воситаҳои нақлиёт нигоҳ надоред. Пеш аз он ки ба мошине нишинед, ки дар офтоб истодааст, дару даричаҳои онро аввал боз кунед ва аз рӯи имкон ҳавополои онро фаъол намоед;

* шахси гармозадаро зуд дар соя хобонед, дар ҷое, ки шамолрас бошад; ӯро маҷбур созед, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матоъи намдор тоза кунед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил;

*ва бахусус ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об: соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намоед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд дар гармо чӣ бояд кунанд?

1. Ҳамеша доруҳои таъиншударо бояд бо худ дошт.

2. Ҳатман он дуруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намуд.

3. Бо худ бояд оби бегаз дошт.

4. Рӯмол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошт, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар кард ва бо ин васила ҳарорати бадани худро мӯътадил нигоҳ дошт.

5. Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.

6. Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.

7. Либосҳо аз матоъи табиӣ пӯшед.

8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.

9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.

10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.