Дар боғҳои шаҳри Душанбе Wi-Fi роҳандозӣ шуд. Аз он метавон бепул истифода намуд: ҳудуди фарогирӣ (амал)-и он 200 метрро дар бар гирифта, суръаташ беш аз 1 мегабайтро ташкил медиҳад.

Акнун бештар ҷавонони саргарм ба технологияҳои муосир дар ҳавои тоза метавонанд ба панҷ боғ - Рӯдакӣ, Айнӣ, Дониш, Ҷавонон ва Фирдавсӣ рафта, тариқи Skype гуфтугӯ  ва филмҳо тамошо карда, дигар чизҳои барояшон лозимро аз интернет дастрас намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.