Шабакаи телевизиони “Звезда”-и Русия навори видеои мухлисони Ҳабиб Нурмагомедовро дар Душанбе раҳпаймоии ҳаводорони ӯ дар Махачқалъа номид.

Дар гузориши “Ҳабиб, Ҳабиб!”: Дар Доғистон ғалабаи Нурмагомедовро ҷашн мегиранд” дар шабакаи телевизион навори видео аз кӯчаҳои Душанбе намоиш дода шуд.

“Дар Доғистон пирӯзии ҳамдиёри худро ҷашн мегиранд. Дар кадрҳо дида мешавад, ки издиҳоми мардум ба кӯчаҳои марказии Махачқалъа баромада, бо фарёди номи варзишгар паҳлӯи мошинҳо қадам мезананд. Бар асари сайругуштҳои оммавӣ дар шаҳр ҳодисаҳои ҷиддии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омад”, - шарҳ дода мешавад дар навори видео аз кӯчаҳои Душанбе дар сомонаи шабакаи телевизионӣ.

Скриншот аз сомонаи шабакаи телевизиони “Звезда”-ро дар Facebook корбар Фирдавс Намозов гузошта, афсӯс мехӯрад, ки “агар мо ин гуна ба варзишгарони худамон мухлисӣ мекардем, кайҳо нисбат ба мо муносибати мусбат мекарданд, лекин мо танҳо ба масхараи амалҳои нодурусти ҳамдиёрони худ қодирем”.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки шаби ғалабаи Ҳабиб Нурмагомедов ҳарчанд мухлисонаш пирӯзиашро бошукӯҳ ҷашн гирифта бошанд ҳам, дар пойтахт ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.