Баъд аз муҳорибаи охир ва пирӯзии варзишгари доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ҷавонони тоҷик дар маркази шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ карда, ба ҳаракати нақлиёт халал расонданд. Аз пурсиши “Asia-Plus” бармеояд, ки ӯ барои ҷавонон қаҳрамон ва намунаи ибрат шудааст.

Мо аз ҷавонон сабаби мухлисӣ аз Ҳабибро пурсон шудем. Ҷавоби асосӣ: “Ӯ мусалмон аст”. Барои фаҳмидани сабаби чунин ҳаводории ҷавонон, ба сармутахассиси соҳаи бемориҳои рӯҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Хуршед Қунғуротов, ки худ мухлиси Ҳабиб будааст, муроҷиат кардем.

- Барои чӣ ҷавонон ба варзишгарони шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, Комроншоҳи Устопириён ва ё Меҳрубон Сангинов пайравӣ намекунанд? Онҳо низ мусалмонанд... Пирӯзии онҳоро чунин таҷлил накарданд.

“Аввал мехоҳам бигӯям, ки набояд нафаре барои парастиши диниаш эҳтиром ё баръакс нафрат карда шавад. Дар давраи ҷавонии ман ин чиз набуд. Ҳамеша муҳим он буд, ки ӯ худро ҳамчун инсон чӣ хел нишон медиҳад. Ҷавононе, ки пас аз ғалабаи Ҳабиб дар хиёбонҳои Душанбе ин бенизомиро барпо карданд, бешубҳа, мушкили равонӣ доранд. Шахсан ман намефаҳмам, барои чӣ имрӯз ҷавонон ҳама рӯйдодро бо дин пайванд медиҳанд”, - мегӯяд  Қунғуротов.

Ҳар як варзишгар мухлиси худро дорад

Дар ин бора варзишгари шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст, чунин андеша дорад:

“Ҳар як варзишгар ва ё намуди варзиш мухлисони худро дорад. Айни замон дар тамоми гӯшаи ҷаҳон муҳорибаҳои тан ба тан рушд карда, мухлисони зиёди худро дорад. Ҳабиб феълан қаҳрамони асосии ин намуди варзиш дар UFC мебошад. Аз 28 муҳорибаи анҷомдодаи худ ягон бохт надорад, ки ин метавонад сабаби асосии пайравии ҷавонон аз ӯ бошад”.

Муштзани касбии тоҷик Меҳрубон Сангинов бар ин нуқтаи назар аст:

“Натанҳо ҷавонони тоҷик, балки ҳама ҷавонони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз Ҳабиб мухлисӣ мекунанд. Шояд ҷавонони мо аз он хотир пайравӣ кунанд, ки ба онҳо идеал барои зиндагиашон лозим аст. Аз ин рӯ, онҳо дар шахсияти Ҳабиб идеали худро мебинанд. Агар хоҳам, ки ҷавонон аз ман пайравӣ кунанд, барои ин ба қуллаҳои баланди бокс бояд бирасам, мисли Геннадий Головкин аз Қазоқистон. Инчунин ВАО ва телевизион дар таблиғи варзиш нақши асосӣ доранд. Бояд ҳунарнамоии варзишгарони моро аз тамоми шабакаҳои миллӣ пахш кард, то мардум қаҳрамонҳои худро бубинад ва ба онҳо мухлисию пайравӣ кунад”.

“Бегонапарастӣ”

Инчунин бо суоли мазкур ба сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносӣ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Мавлонов муроҷиат кардем. Вай гуфт:

“Ҳисси ватандӯстии ҷавононро бояд баланд бардорем. Миллати мо қаҳрамонҳои зиёд дорад. Хусусан, дар даврони Истиқлол сафи варзишгарони мо бамаротиб афзуд. Онҳо дар аксари намудҳои варзиш ба қаҳрамонии олимпӣ, қаҳрамонии ҷаҳон, қаҳрамонии Осиё ноил шуданд”.

“Акнун Ҳабиб Нурмуҳаммадов кист? Як варзишгар, бигзор ҳатто мусалмон ҳам бошад. Хуб мешуд, мо байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вантандӯстӣ гузаронем, то ба нобиғаҳо ва бузургони худамон ифтихор кунанд. Ҳамон бегонапарастие, ки дар тақлид ба либоспӯшӣ якчанд сол пеш буд, имрӯз бо тарзи дигар байни ҷавонон эҳсос мешавад”, - афзуд номбурда.

Тақлид ба риш ва рафтори доғистониҳо

Боз андешае ҳаст (дар шабакаҳои иҷтимоӣ), ки ҷавонони тоҷик ба рафтори дағалонаи Ҳабиб ва миллати ӯ пайравӣ мекунанд (на ба хотири мусалмон буданаш). Мегӯянд, ҷавонони мо мехоҳанд, ба қафқозиҳо монанд бошанд. Дар Русия аксари ҷавонон ба ришу рафтор ва тарзи либоспӯшии қафқозқозиҳо тақлид мекунанд. Гӯё ин ҳолатҳо сабаб мешаванду ба онҳо дар хиёбонҳои Русия ҳеҷ кас дарнамеафтад.

Равонпизишк Хуршед Қунғуротов ин рафтори ҷавононро чунин шарҳ дод:

“Гап дар ин аст, ки доғистониҳо дар Русия ҳамчун тоҷикон ба корҳои фаррошӣ, сохтмон ва монанди инҳо машғул намешаванд. Доғистониҳо асосан ба хариду фурӯш машғуланд, қисми зиёди онҳо тиҷорати худро доранд. Онҳо ҳуқуқи худро хеле хуб медонанд, вале тоҷикон на. Аз ин рӯ, вақте ҷавонони мо ба Русия мераванд, бо истифода аз пуштибонии доғистониҳо ба ягон чӣ ноил шудан мехоҳанд.

Қунғуротов ба суоли “Ин тамоюл ба чӣ оварда мерасонад?” чунин посух дод:

“Гуфта наметавонам, ки оқибати парастиши миллати дигар ба чӣ оварда мерасонад. Фикр мекунам, ин тамоюл дар ояндаи наздик ба боло рафтани миллатгароӣ дар Душанбе оварда мерасонад. Барои чӣ танҳо дар пойтахт? Инро танҳо дар Душанбе мушоҳида кардам. Дар Варзоб, Помир ва Ҳисор будам, ин ҳолатро надидам. Дар он ҷо одамон ба миллати шахс чандон аҳамият намедиҳанду ба миллатҳои дигар худро монанд намекунанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.