Ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” дар бахшҳои шоирӣ, навозандаи академӣ, оҳангсоз, сарояндаи академӣ ва ровӣ муайян шуданд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, дар номинатсияи шоирӣ Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи аввал гардид. Сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам мавқеи дуюмро ба даст овард. Ҷойи сеюмро Назархудо Назархудоев аз ноҳияи Роштқалъа ва мақоми чорумро Санавбар Раҳимова аз шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Дар бахши навозандаи академӣ ҷойи аввал насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе гардида, сокини шаҳри Хуҷанд Дилрабо Убайдуллоева сазовори мавқеи дуюм дониста шуд. Ҷойи сеюмро Улуғбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор ва мақоми чорумро Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ ишғол карданд.

Дар номинатсияи оҳангсоз Зафар Турдиалиев аз шаҳри Душанбе ҷойи якум ва ба сокини пойтахт Бахтиёр Убайдзода мавқеи дуюмро ба даст оварданд. Бахтовар Давлатов аз шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб гардида, мақоми чорум ба Назира Ҳамдамова аз шаҳри Хуҷанд дода шуд.

Дар бахши сарояндаи академӣ ҷойи аввал ба сокини шаҳри Турсунзода Амрулло Калонов, мавқеи дуюм ба гурӯҳи “Трио” аз шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм ба Ҳаётҷон Ҳамрохонов аз шаҳри Ҳисор ва мақоми чорум ба Далери Исматилло аз шаҳри Панҷакент дода шуд.

Дар номинатсияи ровӣ ҷойи аввал насиби сокини шаҳри Панҷакент Муштарӣ Сафарова гардид. Мавқеи дуюмро сокини ноҳияи Файзобод Шодмеҳр Давлатов, ҷойи сеюмро Динора Ҷабборова аз шаҳри Душанбе ва мақоми чорумро Садаф Ҷангибекова аз ноҳияи Ишкошим ба даст оварданд.

Барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” рӯзи 16-уми ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муайян карда мешавад. Зимнан баргузории галаконсерт ва супоридани диплому ҷоиза ба ғолибони озмун дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.