Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз ҳоли Аниса Насимзода, ки зери чархи тепловоз монда буд, хабар гирифтааст.

Раъно Ҳошимзода тӯли як соат бо Аниса дар мавзӯъҳои гуногун суҳбат карда, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки сабур бошад, иттилоъ медиҳад Sugdnews. Айни ҳол духтари маҷруҳ дар хона табобат мегирад.

Раиси шаҳри Бӯстон ба шахсони масъул супориш додааст, ки барои Аниса омӯзгорони ботаҷрибаро таъмин созанд. Ӯ ҳамчунин аз волидони духтар хоҳиш кардааст, ки барои ҳалли масоили пайдошуда ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки хонандаи синфи 7-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон Аниса Насимзода рӯзи 28-уми август зери чархи тепловоз монда буд. Рӯзи ҳодиса Аниса таъҷилан ҷарроҳӣ шуда, пойи чап ва қисмате аз дасташро буриданд.

Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, ки бо вуҷуди хеле наздик омадани тепловоз, духтари 13-сола аз роҳи оҳан гузаштанӣ шудааст, аммо пойафзолаш байни релсҳо дармондааст. Ронанда (машинист)-и тепловоз талош кардааст, ки онро фавран боздорад, вале ин барояш саривақт муяссар нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.