Дар вилояти Қизилордаи Қазоқистон автобусе, ки дар дохили он 74 нафар аз Ӯзбекистону Тоҷикистон сафар доштанд, ба мошини боркаш бархӯрд.

Тавре хабаргузории Podrobno.uz иттилоъ медиҳад, тибқи маълумоти пешакӣ, ронандаи автобус ба баландшавии суръати ҳаракат роҳ додааст.

Садама 2-юми декабр дар шоҳроҳи ҷумҳуриявии Самара – Чимкент рух дода, автобуси Neoplan ва автомашинаи боркаши тамғаи Daf дар километри 1311-ум, назди шаҳраки Шижага дар ноҳияи Арали вилояти Қизилорда ба ҳам бархӯрдаанд.

Тафсилоти ҳодиса таҳқиқ мешавад. Дар хадамоти матбуоти ширкати "Казавтожол" хабар додаанд, ки дар бораи суръати баланди ҳаракати автобус маълумот мавҷуд буда, бархӯрд бо автомашинаи боркаш аз сабаби риоя нашудани фосила рух додааст.

Бар асари садама пойи ду шаҳрванди Тоҷикистон шикаста, онҳоро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Арал бурдаанд.

Боқимонда 72 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон аз автобус берун оварда шуда, аз кумаки зарурӣ баҳравар шудаанд.

Зикр мегардад, ки ронандаи мусофирбар – шаҳрванди Ӯзбекистон дар ин садама осеб надидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.