Имрӯз масъалаи манъи вуруди шаҳрвандони Чин ба Тоҷикистон баррасӣ намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ситоди муқовимат бо паҳншавии коронавирус хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар робита ба хуруҷи коронавирус ҳанӯз аз аввали сол барои вуруди шаҳрвандони Чин ба қаламраваш маҳдудиятҳо ҷорӣ карда буд.

“Маҳдудиятҳо натанҳо ба шаҳрвандони қатории Чин, балки ба мутахассисони барои Тоҷикистон зарур аз ин кишвар, ҳатто дипломатҳо, ки барои кор дар Тоҷикистон таъин шуда буданд, дахл дошт”, - қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Чин даҳҳо лоиҳа дар соҳаҳои саноат, роҳсозӣ, бахши кишоварзӣ ва энергетика амалӣ мешаванд. Ҷараёни татбиқи онҳо бо сабаби ҳузур надоштани мутахассисон аз Чин аз нақшаи пешбинишуда хеле қафо мондааст.

“Ширкатҳои Тоҷикистон, ки бо мутахассисони Чин дар бораи бунёди иншооти саноатӣ қарордод бастаанд, зарар мебинанд”, - таъкид дошт манбаъ.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода низ ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони Чинро ба кишвар алҳол манъ карданӣ нест.

“Айни замон чунин тасмим надорем, зеро мо бо соҳибкорон ва намояндагони корхонаву ташкилотҳои Чин, ки мутахассисони онҳо дар Тоҷикистон кор мекунанд, суҳбат карда, аз онҳо дархост намудем, аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ варзанд. Ҳамчунин мо бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамкорӣ дорем ва ин созмон дар хусуси вуруди шаҳрвандони Чин ба ҷумҳурӣ то ҳол тавсия надодааст”, - афзуд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, тавре РИА Новости хабар медиҳад, Русия аз соати 00.00 рӯзи панҷшанбе, 20-уми феврал вуруди шаҳрвандони Чинро, ки барои кору таҳсил, сайру саёҳат ва корҳои шахсӣ ба ин кишвар омаданӣ буданд, манъ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.