Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии кишвар бо дархости муваққатан худдорӣ варзидан аз ташкили сафарҳои сайёҳӣ муроҷиат кардааст.

Дар мактуби ирсолкардаи Кумита ба ширкатҳои сайёҳӣ зикр мешавад, ки тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои дунё хуруҷи бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

“Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем, ки то муътадил шудани вазъият аз ташкили саёҳати шаҳрвандони дохилию хориҷӣ муваққатан худдорӣ намоед”, - омадааст дар мактуб.

Дар хадамоти матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки нома хусусияти тавсиявӣ дорад.

“Мо дархости муваққатан маҳдуд кардани ташкили саёҳатҳоро дархост намудем, то ки шаҳрвандонамонро аз сирояти коронавирус ҳифз кунем. Ҳамаи ин муваққатист. Бо муътадил шудани вазъият, онҳо метавонанд пурра ба фаъолият пардозанд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Кумита.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, чанде аз ширкатҳои сайёҳӣ аллакай аз пешниҳоди хизматрасониҳо ба мизоҷон даст кашиданд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар Тоҷикистон 202 ширкат ба хизматрасонии бахши сайёҳӣ машғуланд. Соли гузашта 1 млн 257 ҳазору 300 нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки 21,6% аз нишондиҳандаи соли 2018 зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Кумита, соли 2019 шаҳрвандони 146 кишвар ба Тоҷикистон омаданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.