Ба Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки тартиби раддабандии меҳмонхонаву осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои Тоҷикистонро таҳия кунад.
Мувофиқи қарори қабулшуда, тартиби раддабандӣ бояд дар асоси таҷрибаи байнулмилалӣ таҳия ва то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардад.
Ҳадафи аслии раддабандӣ пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва эътимоднок ба истифодабарандагон дар бораи мутобиқати меҳмонхонаҳо ба дараҷаҳо мебошад.
Ҳамчунин меҳмонхонаҳо барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ҷолибият, ки ба афзоиши шумори ҷаҳонгардон ва рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ аз ҳисоби таҳкими эътимоди муштариён ба баҳодиҳии мутобиқати меҳмонхонаҳо равона шудааст, раддабандӣ мешаванд.
Барои раддабандии меҳмонхонаҳо то ҳол низоми ягона вуҷуд надорад, аз ин рӯ, дар кишварҳо низомҳои гуногун, ҳамагӣ наздики 50 низом истифода мешавад. Ба таҳияи низоми раддабандии ягона гуногуншаклии фарҳанги миллӣ ва меъёрҳои гуногуни баҳодиҳӣ ба меҳмонхонаҳо дар кишварҳо монеа эҷод мекунанд.
Меҳмонхонаҳо маъмулан аз рӯйи меъёрҳои макони ҷойгиршавӣ, вақти иқомат, шумори ҳуҷраҳо, навъ ва дараҷаи хизматрасонӣ, сатҳи истироҳату фароғат, чандситорагӣ ва ғайра раддабандӣ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.