“Сомон Эйр” тасмим дорад, ки имрӯз бо хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе парвоз иҷро кунад. Бо ин хатсайр шаҳрвандони Русия ба Маскав бурда шуда, зимни бозгашт шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан оварда мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, мувофиқи дастури Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии паҳншавии имконпазири сирояти коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони ҶТ, ширкати “Сомон Эйр” аз 20-уми марти соли 2020 парвозҳоро бо ҳамаи хатсайрҳо аз/ба Тоҷикистон муваққатан қатъ мекунад.

“Мусофирони хатсайрҳои бекоршуда оид ба масъалаи баргардонидани чиптаҳо ё ивази он ба рӯзҳои дертар метавонанд ба ҷойе, ки аз он чипта харидаанд, муроҷиат кунанд. Барои дарёфти маълумоти муфассал метавонед ба маркази хизматрасонии ширкати ҳавопаймоӣ – 44-640-40-49, 44-640-40-50, [email protected] муроҷиат кунед”, - хабар доданд аз ширкати ҳавопаймоӣ.

Зикр шуд, ки парвозҳои ширкат бо хатсайри маҳалии Душанбе-Хуҷанд-Душанбе идома меёбад. Парвози наздиктарин бо ин хатсайр нимаи имрӯз ва бозгашт соати 17:50 муқаррар шудааст.

Муроҷиати сафорати Русия дар Тоҷикистон

“Муҳтарам шаҳрвандони Русия, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд!

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» («Сомон Эйр») иҷрои ду парвозро бо хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе рӯзи 20-уми марти соли ҷорӣ, соати 14:00 ва тибқи нақшаи пешакӣ рӯзи 21-уми март, соати 12:00 иҷро мекунад.

Тамоми маълумоти муфассалро аз ин ширкат тариқи телефонҳои (+992) 93 777 70 34, 44 640 40 40, 44 640 40 50, 44 640 40 70 ва имайли [email protected] дастрас карда метавонед.

Ҳамчунин тибқи  нақшаи пешакӣ ширкати ҳавопаймоии «Tajik Air» («Тоҷик Эйр») тасмим дорад, 20-уми марти соли ҷорӣ, соати 18:40 бо хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе парвоз анҷом диҳад. Тамоми маълумоти муфассалро аз ин ширкат тариқи телефони (+992) 905 100 200 дастрас карда метавонед.

Боисрор тавсия медиҳем, ки барои ба Русия рафтан аз хатсайрҳои наздиктарин истифода кунед”.

Манъи парвоз барои пешгирии коронавирус

Аз шаби гузашта Тоҷикистон парвозу фуруди ҳавопаймоҳоро манъ кард.

Сарвари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Икром Субҳонзода рӯзи 19-уми март бо ирсоли барқияи фаврӣ ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва хориҷӣ дастур дод, ки аз 20-уми марти соли 2020 парвозҳо ба Тоҷикистон муваққатан манъ карда шавад.

Дар мактуби фиристодаи Агентӣ, ки нусхааш дар ихтиёри “Азия-Плюс” ҳаст, то кадом муҳлат баста шудани фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ зикр нашудааст.


Қаблан ҳукумати Русия ба хориҷиён (аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон) вуруд ба қаламрави худро аз 18-уми март то 1-уми май манъ кард. Хуруҷи коронавирус дар Русия боиси қабули чунин қарор шудааст.

Вазъи мусофирони дармонда

Дирӯз бар асари баста шудани фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд шаҳрвандони мо дар фурудгоҳҳои Русия ва дигар кишварҳо дармонданд.

Фурудгоҳи Внуково, 19 марти соли 2020
Сурат аз саҳифаи фейсбукии Маҳинбону Давлатова

Дар фурудгоҳҳои Маскав якчанд парвоз ба самти Тоҷикистон бекор шуд ва одамон дар ҳолати ногувор монданд.  

Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Дониёр Саидов ба Тоҷикистон баргаштанӣ буд ва имрӯз ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз ВАО дар бораи баста шудани фурудгоҳҳо хабардор шуда, акнун намедонад, чӣ кор кунад.

“Имрӯз бо хатсайри ширкати «S7 Airlines» соати 22:35 мебоист аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Хуҷанд парвоз мекардам. Аз ВАО дар бораи манъи парвозҳоро ба Тоҷикистон бохабар шудам. Акнун намедонам чӣ кор кунам, муҳлати ҳуҷҷатҳоям ба охир расида, маро метавонанд хориҷ кунанд”, - гуфт Саидов.

Мақомоти авиатсионӣ дар бораи вазъи он мусофироне, ки бояд аз кишварҳои дигар ба Душанбе ва Хуҷанд меомаданд, ё аз фурудгоҳҳои ин ду шаҳр ба хориҷа парвоз мекарданд, ҳанӯз ягон шарҳ надодаанд.

Тамдиди муҳлати патент бе тарки Русия

Дар ҳамин ҳол, Русия ба муҳоҷирон тамдиди муҳлати патентро бе тарки қаламрави кишвар иҷоза дод.

Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонаи расмии худ тартиби дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиро дар қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ дод.

Дар маълумот қайд мешавад, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо назардошти вазъи марбут ба паҳншавии коронавирус, аз 19-уми марти соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ муҳлати ҳузури муваққатии худро дар қаламрави Русия дароз карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.