Дар рӯзҳои аввали даъват навоҳии Носири Хусраву Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбиро иҷро карданд.

Дар ин бораи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 3-юми апрел зимни суханронӣ дар ҷамъомади гусели наваскарон, ки дар шаҳри Бохтар сурат пазируфт, хабар дод.

“Мувофиқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, имрӯз то фардо ноҳияи Балҷувон низ аз иҷрои нақшаи даъват хабар хоҳад дод. Аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят талаб карда мешавад, ки то 10 рӯзи оянда нақшаи даъвати наваскаронро иҷро намоянд”, - гуфт раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода вобаста ба даъвати тирамоҳии соли 2019 изҳори нигаронӣ карда, иброз дошт, ки баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаро то ба 2 моҳ кашол доданд.

“Таҷриба нишон медиҳад, ки дар раванди мавсими даъват дар баъзе ҳолат ба камбудиҳо роҳ дода мешавад. Умед дорем, дар ин мавсим чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта намешаванд. Ҳамчунин аз тарафи падару модарон ҳолатҳои эҷод кардани монеа зимни даъвати фарзандонашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба мушоҳида мерасад”, - изҳор дошт раиси вилоят.

Дар ҷамъбаст ӯ ба даъватшудагон роҳи сафеду хизмати сарбаландона таманно кард.

1/3

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.