То соати 16:30 дақиқаи 4-уми май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 ошкор шудааст. Аз ҷумла, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд.

То имрӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, то 4-уми май дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор доранд. Дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки “дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.