Зиёда аз 60 шаҳрванди Тоҷикистон имшаб бо хатсайри махсус аз Вашингтон (ИМА) ба ватан баргаштанд. Парвози ҳавопаймо бо мусоидати Вазорати хориҷаи ИМА ва сафорати Тоҷикистон дар он кишвар ташкил шуд.

Дар байни баргаштагон донишҷӯёни барномаҳои амрикоии Флекс ва Фулбрайт ҳастанд, ки дар ИМА таҳсил дошта, бо сабаби пандемия ба ватан баргашта натавонистанд.

“Имрӯз бо дастгирии Шӯрои амрикоӣ ва шарикон аз ҳукумати Тоҷикистон, мо иштирокчиёни тоҷики барномаҳои мубодилавии The Fulbright Program, FLEX ва Global UGRAD Program-ро истиқбол кардем. Инчунин мо барои бозгашти 20 шаҳрванди Тоҷикистон ба Душанбе, ки бинобар ин бемории дунёгир аз оилаҳояшон дур шуданд, кумак расондем. Хушбахтона, ҳеҷ кас аз байни онҳо нишонаҳои беморӣ надорад, вале чун чораи эҳтиёткорӣ, ҳамаи онҳо дар муддати 14 рӯз дар як муассисаи бехатар карантин карда мешаванд”, - хабар додааст саҳифаи фейсбукии сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Интизор меравад, ки дар бозгашти ин хатсайри махсус шаҳрвандони ИМА, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ба ватан бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз тариқи хатсайри Душанбе – Сургут – Екатеринбург парвоз анҷом дода мешавад. Тоҷикистон ба иҷрои парвози хатсайри SVR8954 иҷоза дод.

Ба шаҳрвандони Русия, ки хоҳиши парвоз аз Тоҷикистон бо ин хатсайрро доранд, тавсия дода шудааст, ки билетҳоро тариқи онлайн ё аз кассаҳои фурудгоҳҳои Душанбе шурӯъ аз соати 12:00 дастрас намоянд. Арзиши пешакии билет – 4500 сомонӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.