Тоҷири муқими шаҳри Хоруғ Мабатшо Бахтибеков меҳмонхонаи худро бо номи “Зафар” барои бистарӣ кардани беморон ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ пешниҳод кард.

“Табибони Хоруғ мисли ҳамтоёнашон дар саросари дунё имрӯз бо беморӣ мубориза доранд. Меҳмонхона паҳлӯи беморхона ҷойгир буда, ман ба хулоса омадам, ки Худо накарда, агар дар беморхона ҷой нарасад, бистарӣ кардани беморон дар ин ҷо қулай аст”, - гуфт тоҷир ба “Азия-Плюс”.

Мабатшо Бахтибеков чанд сол пеш меҳмонхонаро бунёд кард, то ки ба талаботи сайёҳони хориҷӣ мувофиқ бошад. Тоҷир аз меҳмонхона даромади хуб мегирифт, аммо бо сабаби пайдоишу паҳншавии COVID-19 ва баста шудани сарҳадот меҳмонхона айни замон холӣ мондааст.

Соҳибкор қайд кард, ки ҳуҷраҳои меҳмонхона барои 32 нафар пешбинӣ шудааст.

“Дар ин ҷо тарабхона низ ҳаст, ки метавонанд барои беморон хӯрок тайёр кунанд. Ҳамчунин аз дигар иншооти меҳмонхона мувофиқи салоҳдиди худ метавон истифода кард”, - таъкид дошт ӯ.

Дар ин амали худ Мабатшо ҳеҷ чизи ғайриоддие намебинад.

1/11

“Дар вазъияти душвор ҳар кадоме аз мо бояд ба мардуми худ хизмат кунем, ин табиист. Чунки дар сурати пур шудани палатаҳо модарони мо  дар долон монда метавонанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки паҳлӯи беморхона меҳмонхонаи ман холист? Набояд ин тавр бошад”, - илова кард тоҷир.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди норасоии ҷой дар бемористонҳо, қариб ҳамаи меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе аз сабаби набудани сайёҳон баста шуданд. То ҳол доир ба пешниҳод шудани онҳо барои бистарӣ кардани беморон маълумоте нарасидааст. Танҳо дар меҳмонхонаи “Гулистон” донишҷӯёну хонандагонеро ҷойгир карданд, ки бо хатсайри махсус аз ИМА омаданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.