Бо пайдоиши коронавирус хабар ва тавсияҳои зиёде дар бораи роҳҳои гузариш ва пешгирӣ аз он паҳн гаштанд. Аммо на ҳамаи онҳо ҳақиқат доранд, ҳатто баъзеашон бофтае беш нестанд! Мо тасмим гирифтем бо такя ба тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ якчанд бофтаҳоро ошкор ва ҳақиқатро пешниҳоди шумо намоем.

Оё антибиотикҳо воситаи натиҷаовари пешгирӣ ва табобати сирояти covid-19 мебошанд?

* Не. Антибиотикҳо ба вирусҳо таъсир намекунанд, онҳо танҳо нисбати сироятҳои бактериявӣ фаъоланд. Бемории COVID‑19 табиати вирусӣ дорад, аз ин сабаб антибиотикҳо нисбати он самар намедиҳанд. Аз антибиотикхо барои пешгирӣ ва табобати COVID‑19 истифода кардан лозим нест. Истифодаи онҳо танҳо бо дастури духтур барои табобати сирояти бактериявӣ ҷоиз мебошад.

Дастхушккунаки электронӣ коронавируси COVID-19 - ро нест мекунад!

* Не! Дастхушкунаки электронӣ вирусро нест намекунад. Барои пешгирии коронавирус бояд, мунтазам дастонатонро бо маводҳои антисептикӣ, собун ва об шустушӯй намоед. Дастонатонро пас аз шустан бо дастмолҳои қоғазӣ ё дастхушккунаки электронӣ пурра хушк намоед.

Коронавирус аз ҳайвоноти хонагӣ ба одам сироят мекунад!

* Не! То ҳол ҳолати аз ҳайвоноти хонагӣ ба одам гузаштани коронавируси COVID‑19 ба қайд гирифта нашудааст. Коронавирус тавассути зарраҳои ҳавоӣ паҳн мегардад, ки ҳангоми сулфидан, атсазанӣ ё гуфтугӯ кардани шахси бемор ба вуҷуд меоянд. Албатта барои бехавф кардани худ баъд аз нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ дастҳоро бо собун шӯед!

Нафас гирифтани бӯғи хлор аз сироятшавӣ ба коронавирус ҳимоят мекунад!

* Не! Дар ягон ҳолат нафас гирифтани буғи хлор ва дигар маҳлулҳои безараркунанда мумкин нест. Онҳо на танҳо ёрӣ намерасонанд, балки ба ҳаёти одам хатар доранд. Маҳлул ва дигар маводҳои безараркунанда танҳои барои безараргардонии рӯйи ашёҳо истифода мешаванд.

Ҳавои гарм ва нури офтоб аз сирояти коронавирус ҳифз мекунанд!

* Ба коронавирус COVID-19 новобаста аз гармии ҳаво ва истодан зери шуъои офтоб гирифтор шудан мумкин аст. Тавре мебинем кишварҳои гармтарини дунё низ аз сироятшавии сокинонашон ба коронавирус хабар медиҳанд. Барои ҳимоя аз сироятшавӣ бояд худро аз беморон дур гирифт, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқоби тиббӣ истифода намуд ва дастонро бо собун тез-тез шуст.  

Одаме, ки як бор ба бемории коронавирус гирифтор шудааст, метавонад дигар аз ин вирус натарсад.

* Ҳақиқат! Дар ҳақиқат организми одам ба ҳар як беморӣ масуният (имунитет) пайдо мекунад, на танҳо ба коронавирус. Аммо мӯҳлати амали масуният гуногун аст. Организми одам ба бемориҳои сироятӣ ба муддати аз 6 моҳ то 2 сол масуният пайдо мекунад. То ҳол мӯҳлати амали масунияти одам бар зидди коронавирус аниқ маълум нашудааст. 

Коронавирус бемории табобатнашаванда аст!

* Коронавирус табобатшаванда аст, ҳарчанд доруи махсус барои табобаташ то ҳол дарёфт нашудааст. Қисмати бештари беморон ки аз бемориҳои дигар ранҷ намебаранд, шифо меёбанд. Мувофиқи омор фавт аз коронавирус дар кишварҳои гуногун аз 1 то 10 %-и сироятшудагонро ташкил медиҳад.

Сирпиёз ва қаланфур дар хӯрок инсонро аз коронавирус муҳофизат мекунад!

* Не! Қаламфури тез, албатта бартариҳои гастрономӣ (ғизоӣ) дорад, аммо коронавирусро пешгирӣ ва ё табобат намекунад. Сирпиёз низ дар навбати худ ҳамин тавр. Он ба хусусиятҳои ба саломатӣ фоидаовар ва зиддимикробӣ дорад. Аммо то ҳол исбот нашудааст, ки сирпиёз ҳамчун воситаи пешгирии сирояти коронавируси нав фоидаовар бошад - СҶТ

Тавони 10 сония  ё бештар аз он нигоҳ доштани нафас, бидуни сулфа ё нороҳатӣ маънои онро дорад, ки Шумо ба коронавирус мубтало нестед!

* Не! Вақте шахс 10 сония ё бештар аз он нафасро нигоҳ дошт, ин маънои онро надорад, ки ӯ ба бемории коронавирис мубтало нест. Дар қисми зиёди беморони коронавирус сулфаи хушк, бемадорӣ, ҳарорати баланди бадан ба назар мерасад. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғҳо, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд. Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд.

Ба бемории коронавирус танҳо шахсони солхӯрда мубтало мешаванд!

* Не! Ба бемории коронавирус метавонанд ҳама шаҳрвандон новобаста аз синну сол гирифтор шаванд. Аммо, тавре ба назар мерасад, ҷараёни вазнини беморӣ бештар дар одамони солхӯрда, инчунин дар одамони гирифтор ба бемориҳои соматикӣ (масалан, гипертензияи шарёнӣ, бемориҳои дил, шуш, саратон ё диабет) қайд мегардад. СУҶ ба ҳама шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро риоя намуда, худро аз сироятёбӣ ба ин беморӣ муҳофизат намоянд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.