Дар шабака муроҷиатномае нашр шуд, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эълони “таътилҳои қарзӣ”-ро дархост мекунанд.
Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки “ҳар як оила дар Тоҷикистон ба зарар ва маҳрумиятҳои зиёде дучор шудааст”, зеро “ҳар кадоме аз мо аз ин ё бонк қарздорем”.
Муаллифони муроҷиатнома таъкид месозанд, ки то пайдоиши коронавируси нав “саривақту аз рӯйи виҷдон қарзҳои худро пардохт мекарданд, лекин имрӯз ба ин қодир нестанд”.
“Дар шартнома бо бонкҳо банде ҳаст, ки дар он ҳолати ғайримунтазира (фавқулода) зикр шуда, дар он бонкҳо бояд шароити мизоҷро ба инобат гиранд, лекин бонкҳо эътирофи пандемияро ҳамчун ҳолати ғайримунтазира рад мекунанд”, - баён мегардад дар муроҷиатнома.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки бисёре аз шаҳрвандон бо пасандозҳои охирини худ қарзҳои моҳи апрелро пардохта, ҳозир ғайри қобили пардохт шудаанд.
“Рӯзгори фарзандону оила ва дастгирии волидони пиронсоламонро бо душворӣ таъмин карда истодаем. Наздикону хешовандон аз Русия пул намефиристанд, чунки дар он ҷо бекоранд”, - таъкид шудааст дар муроҷиатнома.
Дар ин робита онҳо аз президенти мамлакат дархост намудаанд, ки дар ҳалли ин вазъи душвор мусоидат кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Песни о солнечном Душанбе. Сегодня столица Таджикистана отмечает свой день
Правительство России уточнило правила утверждения квот на иностранных работников в регионах
Таджикистан и Евросоюз готовят новое соглашение о сотрудничестве
Делегация Таджикистана ознакомилась с передовыми технологиями на таможне Узбекистана
Главу земельного комитета Хуросона задержали по подозрению в мошенничестве с землей
Президент Казахстана подписал закон о запрете вейпов
Что нужно молодежной сборной Таджикистана для выхода из группы?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: «Вечная дружба», долгожданная вода и ответный визовый режим
В Душанбе сегодня открыли две новые гостиницы
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 апреля 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста