Моҳи апрели соли равон бо ҳама гуна навъҳои нақлиёт ба ҳудуди 52,4 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,4% камтар аст.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, дар муқоиса бо моҳи апрели соли гузашта мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ қариб 10% ва нақлиёти роҳи оҳан - 38% коҳиш ёфта, тариқи ҳавопаймо мусофиркашонӣ сурат нагирифтааст.

Лекин хизматрасонӣ ба мусофирон тавассути нақлиёти барқӣ қариб ба андозаи 50% зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи нақлиёти барқӣ дар ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳамагӣ 3,3%-ро ташкил додааст. Бо ин навъи нақлиёт дар як моҳ ба андаке бештар аз 1,7 ҳазор кас хизматрасонӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, моҳи гузашта ҳаҷми боркашонӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ (12,8%) кам шуда, аммо тавассути нақлиёти роҳи оҳан (40,5%) афзуд. Ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ боркашонӣ амалӣ нашудааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта моҳи апрели соли равон ҳаҷми боркашонӣ тариқи ҳама гуна воситаҳои нақлиёт ба андозаи 8,8% коҳиш ёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.