Дар доираи чораҳои ҷавобӣ ба пандемияи коронавирус, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) ба 24 ҳазор оилаи камбизоат, ки кӯдаконашон аз Барномаи ғизои мактабии БОҶ баҳра мегиранд, кӯмаки яквақтаинаи хӯрокворӣ  расонд.

Кӯмаки яквақтаинаи хурокворӣ Нақшаи миллӣ оид ба омодагии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҷавобиро, ки таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ мегардад, дастгирӣ менамояд. Дар робита ба таътили муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва паст кардани хатари сироятёбӣ ва паҳншавии вируси зикргардида, БОҶ барои таъмини оилаҳои хонандагони аз ҳама осебпазир бо кӯмаки саривақтии хӯрокворӣ иқдом кардааст.

Ин кӯмаки расонидашуда аз орди гандумии ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва нахӯд иборат аст, ки қаблан барои тайёр кардани хӯрокҳои ҳаррӯзаи мактабӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ғизои мактабии БОҶ пешбинӣ шуда буданд.

Соли 2019 беш аз 500 ҳазор хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз синфҳои 1 то 4 бо шӯрбои гарми серғизо ё дигар хӯрокҳои миллӣ ва нони маҳаллӣ, ки бо кумаки БОҶ тайёр карда шуданд, таъмин гардиданд. Ин барнома 2 ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 52 шаҳру навоҳии Тоҷикистонро фаро гирифт.

Барномаи ғизои мактабии БОҶ калонтарин барнома дар Тоҷикистон ба шумор рафта, он ӯҳдадории амиқи ташкилотро дар роҳи беҳбуди зиндагӣ нишон медиҳад. Дар ҷомеаҳои осебпазир ва дорои ноамнии озуқаворӣ, таъмини ғизои солим ба кӯдакон дар мактаб метавонад маънои натанҳо ғизо ва саломатии беҳтарро дошта бошад, балки дастрасӣ ба таҳсилро низ афзоиш диҳад.

Дар Тоҷикистон БОҶ ба дастгирии барномаҳои рушд, ки ба таҳкими иқтидорҳои институтсионалӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Аз соли 1999 инҷониб, созмони болозикр дар якҷоягӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар самти татбиқ ва идоракунии Барномаи ғизои мактабӣ дар кишвар ҳамкорӣ мекунад.

1/5

Бо дастгирии молиявии Русия Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Русия бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷиҳати гузариши ботадриҷи раванди милликунонии Барномаи ғизои мактабӣ, ки аз соли 2021 оғоз мегардад, ҳамкорӣ менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.