Ҳамарӯза ҳазорон нафар кормандони муассисаву ташкилотҳои ноҳияҳо ва вилояти Хатлон ба сокинони Хурсон, ки аз офати табиӣ осеб диданд, дар сохтмони хонаҳои нав кумак мекунанд.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар бунёди манзилҳо барои осебдидагон омӯзгорони мактабҳои ҷамоатҳои Ҳилолӣ, Садриддин Айнӣ ва Қизилқалъа, инчунин муаллимони Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишкадаи энергетикӣ иштирок мекунанд.

Сурат: дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон

Гуфта мешавад, ректорони Донишгоҳи давлатии Бохтар Сайфиддин Давлатзода ва Донишкадаи энергетикӣ Хайрулло Назарзода ваъда додаанд, ки то анҷоми сохтмони манзилҳо фаъолона ба сокинони осебдида кумак хоҳанд кард.

Аз ҷараёни сохтмони манзилҳо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ боздид намуда, ба ин ҳашари умумӣ саҳми худро гузошт.

Сурат: дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон

Аксарияти осебдидагон аллакай бунёди таҳкурсии биноро ба анҷом расонида, ояндаи наздик ба сохмтони деворҳо шурӯъ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 14-16 май бар асари боришоти пуршиддат ва омадани сел дар пайи он ду деҳаи ноҳияи Хуросон осеби зиёд дида, 67 манзили сокинон пурра хароб шуд. Зиёни расида аз ин офат дар умум 6 млн 725 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар мавзеи Чорбоғ ҳукумат ба 67 оила барои сохтмони хонаҳои нав қитъаҳои замин ҷудо карда, манзилҳо бояд то 9 сентябри соли равон сохта шаванд.

Сурат: дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон

Ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сементу шифер, арматура ва тахтаҳо дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.