Барои ҳимояи худ ва атрофиён аз бемории сироятии COVID-19 риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ на танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хона, балки дар коргоҳ низ муҳим аст.

Тибқи тавсияи мутахассисон, ҳангоми ворид шудан ба корхона аввалан дастони худро бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза карда, пойафзоли худро ба латтаи хлордор безарар гардонидан лозим аст. Инчунин ҳарорати бадани корманд бо ҳароратсанҷи фосилавӣ чен шуда, натиҷаи он дар дафтари махсус бояд навишта шавад. Бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар кардани дастаки дар, мизу курсӣ ва ашёву таҷҳизот ба манфиати кор арзёбӣ мешавад.

Риояи фосилаи ҷисмонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 1,5 – 2 метр, пайваста шустани дастон бо собун ва ё тоза кардан бо маҳлулҳои антисептикӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, бо даст салом накардан, инчунин безараргардонии асбобу ашёе, ки одамон дар корхонаҳо бо истифодаи онҳо фаъолият мекунанд, барои ҳифзи саломатӣ муҳим аст. Бо амалисозии чунин тадбирҳо метавон худ ва ҳамкорони худро аз сирояти коронавирус эмин нигаҳ дошт.

Пас аз кор бояд фаршу роҳравҳо ва зинапояи корхонаҳо бо истифодаи маҳлулҳои махсус безарар гардонида шаванд, чунки ин амалҳо барои нобуд кардани коронавирус мусоидат мекунанд.

Барои дарёфти маълумоти бештар аз тамошои ин гузориши видеоӣ баҳравар шавед.

Ҷойи кори худро барои пешгирии COVID-19 омода кунед

Бовар ҳосил кунед, ки ҷойи кори шумо аз назари беҳдоштӣ тоза аст

• Ба фаррошону кормандони хизматрасон дастури иловагӣ оид ба чораҳои пешгирӣ диҳед ва онҳоро бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ таъмин кунед.

• Дар коргоҳ тозакунии босифати намнок бо истифода аз воситаҳои безараргардонӣ бояд мунтазам гузаронида шавад.

Поксозии коргоҳ: 3 бор дар як рӯз (ҳуҷраҳои дастшӯйӣ – ҳар 2 соат, болои мизу курсиҳо – 2 бор дар як рӯз).

• Болои мизу курсиҳо ва ашё (масалан, телефонҳо, клавиатура) бояд бо истифода аз воситаҳои безараргардонӣ ва поксозие, ки барои ин мувофиқанд, бо риояи дастурамали барчасб тоза карда шаванд.

• Ба поксозӣ ва безараргардонии дастаҳои дар, ашёву ҷойҳои дастрас (болои мизу курсиҳо ва таҷҳизоти корӣ), маконҳои истифодаи умумӣ (ошхона, ҳуҷраи истироҳат, ҳоҷатхона) бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

• Бовар ҳосил кунед, ки дар коргоҳ ҳадди ақалл захираи панҷрӯзаи воситаҳои безараргардонӣ барои тоза кардани дастони кормандон ва поксозии ҳуҷраҳои корӣ вуҷуд дорад.

• Ҳар 2 соат тирезаҳоро кушода, ҳавои коргоҳро тоза кунед.

Зарурати дастшӯйӣ

• Дар ҷойҳои намоёни коргоҳ маҳлулҳои антисептикии спиртдор гузоред, аз ҷумла, дар пеши даромадгоҳ, дар ҳар ошёна, дар назди ҳоҷатхонаҳо. Дастурамали Созмони ҷаҳонии тандурустиро оид ба шустани дастон дар девори ҳуҷраҳои дастшӯйӣ часпонед.

• Ҳамаи кормандон, пудратчиён ва муштариён бояд ба ҷойҳое дастрасӣ дошта бошанд, ки дар онҳо дастони худро бо собун шуста метавонанд.

• Бовар ҳосил кунед, ки теъдоди зарурии сатилҳои партови сарпӯшдор барои партофтани дастпокчаю ниқобҳои яккаратаи истифодашуда ва дигар ашёи пешгирикунандаи сироят мавҷуданд.

Ғизо дар ҷойи кор

• Аз зарфҳои яккарата истифода карда, сипас онҳоро ҷамъ оваред, безарар (дезинфексия) ва маҳв кунед.

• Барои истифодаи бисёркаратаи косаю табақ, онҳоро дар мошини зарфшӯйӣ бо ҳарорати на кам аз 65 дараҷа ва ё дастӣ дар оби гарм бо маҳлулҳои безараргардонӣ бишӯед.

• Агар ошхона набошад, тавсия мешавад, ки ғизо на дар ҷойҳои корӣ, балки дар ҳуҷраи махсус истеъмол карда шавад (агар ҳуҷраи махсус набошад, ягон утоқе интихоб кунед, ки ҷойи дастшӯйӣ дошта бошад).

Нафаси тоза

• Овезаҳоеро дар девор часпонед, ки гигиенаи нафасро бо дигар тадбирҳои иттилоотӣ, ба монанди пешниҳоди машварат, дастурамал ва ғайра тарғиб мекунанд.

Бовар ҳосил кунед, ки дар коргоҳи шумо теъдоди кофии ниқобҳои тиббӣ ва дастпокҳои коғазӣ мавҷуданд.

• Бемории сироятии COVID-19 дар ҷомеаи мо паҳн шудааст, бинобар ин, ҳар як одаме, ки ҳатто сулфаи сабук дорад ва ҳарорати баданаш 37,3⁰ C ё баландтар аз он аст, бояд дар хона бимонад.

• Ҳамчунин одамоне бояд дар хона бимонанд (ё дар хона кор кунанд), ки доруҳои парасетамол, ибупрофен ё аспирин хӯрдаанд, зеро аломатҳои сироятро ноаён карда метавонанд.

• Маълумот паҳн кунед, ки одамон бояд дар хона бимонанд, ҳатто агар аломатҳои сабуки бемории COVID-19 дошта бошанд.

• Зимни пайдоиши аломатҳои шамолхӯрӣ кормандони соҳаи тибро ба хона даъват кардан лозим аст. Беш аз 85%-и одамон давраи сироятёбиро осон мегузаронанд ва дар хона бо таъиноти табиби оилавӣ шифо ёфта метавонанд.

• Маълумот дар шакли овеза ё варақаи иттилоотӣ оид ба тарзи дурусти шустани дастон, фосилаи ҷисмонӣ, истифодаи дурусти ниқоб, аломатҳои асосии коронавирус, қоидаҳо, инчунин муроҷиати саривақтӣ барои даъвати ёрии тиббӣ бояд дар ҷойи намоён овезон бошад.

• Ҳар як корманди шумо бемор шуда метавонад. Дар ҳолати бемор шудани баъзе кормандоне, ки беҳбудии вазъи дигарон ба онҳо вобаста аст (масалан, муҳосиб), чӣ гуна муваққатан иваз кардани онҳоро барои таъмини фаъолияти мунтазами коргоҳ пешбинӣ кунед.

Дар ёд дошта бошед: ҳар як корманди беморшуда ба таваҷҷуҳ ва ғамхории шумо ниёз дорад. Фосилаи ҷисмонӣ зарур аст, аммо дастгирии иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори коронавирус барои зудтар шифо ёфтани онҳо кумак мерасонад.