Маросими ифтитоҳи эстакадаи дуюми сесатҳа дар буриши кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Қарияи Боло, ки пагоҳ, 25 июн пешбинӣ гардида буд, ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.
Бино ба маълумоти манбаъ, Комиссияи давлатии қабули корҳо дар сохтмони иншоот камбуду норасоиҳоро ошкор кардааст, аз ҷумла дар бунёди пиёдагардҳо дар гирду атрофи иншоот ва гузоштани новаҳо (лоток) дар қад-қади роҳ.
Қаблан зикр гардида буд, ки эстакада рӯзи 25 июн бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода мешавад.
Корҳои таъмиру сохтмони эстакадаи мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, бояд баҳори соли 2020 ба итмом мерасид.
Қобили зикр аст, ки эсткадаи сесатҳа дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар кардани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд шуд.
Амалисозии лоиҳаи ба ин монанди сохтмони эсткада тобиистони соли гузашта дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ба анҷом расид. Аммо дар он ҷо ҳам алҳол корҳо пурра ба анҷом нарасида буданд: ҳаракат тариқи ин роҳ аз самти микрорайони 84-ум ба самти микрорайони 112-ум боз буда, қисмати ғарбии роҳ, аз микроайони 82-юм то дарвозаҳои ғарбӣ баста боқӣ монда буд ва дар он ҷо корҳои сохтмон ҷараён доштанд.
Ёдрас мекунем, ки дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста