Тайи ду рӯз (28-29 июн) боз наздики 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ аз Ӯзбекистону Қазоқистон ба ватан оварда шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 28 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи “Дустӣ”-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба ватан оварда шуданд.

“Ҳамчунин 29 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Алмато ба Душанбе баргаштанд”, - зикр мегардад дар хабар.

Ёдрас мекунем, 20 июни соли равон аз ин ду кишвари ҳамоя 553 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар постгоҳи сарҳадии “Жибек Жоли”-и Қазоқистон ҷамъ омада буданд, ба ватан оварда шуданд.

Дар ин рӯз тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” зиёда аз 100 нафар тоҷикистониён аз Ӯзбекистон ба ватан баргардонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.