Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 54 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ва 1 ҳолати фавт аз он ба қайд гирифта шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 213 нафар расид.
Шабонарӯзи охир боз 1 ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт шуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 53 нафарро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, то 5-уми июл 225 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 49 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 4 ҳазору 858 (78,2%) нафарро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми июл раисҷумҳур тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятиро имзо кард. Дар торнамои сарвари давлат гуфта шудааст, ки ин тағйиру иловаҳо “ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд”.
Барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО ҷарима ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷорӣ мешавад.
Минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Тағйиру иловаҳо пас аз нашр дар васоити ахбори умуми давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Сына Мурода убили в армии, а когда привезли тело, потребовали похоронить, не открывая гроб"
Медкомплекс, возведенный Узбекистаном на юге Таджикистана, готов принимать пациентов
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Перлы чиновников, государственные траты и спасение урожая
В Душанбе прилетит спикер парламента Афганистана
Президент поручил ввести в сельхозоборот новые земли для увеличения урожая
Рустам Эмомали решил создать в Таджикистане сельскую футбольную лигу
Насколько подорожали продукты питания в Таджикистане с января 2020 года?
Shabaka: Цирк со звездами, Кадам снова зажигает, а в Youtube новый «миллионник»
Более 96% внешнего долга Таджикистана были привлечены для выполнения правительственных услуг
Чьи фисташки продают на таджикском базаре и почему они стали такими дорогими
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста