Мавҷи дуюми пандемияи коронавирус, ки бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсоякишварҳоро фаро гирифт, ба раҳбарияти зиндонҳои Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки ба дидорбинии маҳбусон бо наздиконашон иҷоза диҳанд.

“Ҳарчанд шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон кам мешавад, оғози имконпазири мавҷи дуюми эпидемия раҳбарияти муассисаҳои ислоҳиро водор месозад, ки минбаъд низ тадбирҳои пешгириро риоя кунанд, ки манъи муваққатии дидорбинӣ аз ҷумлаи онҳост”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров.

Мансурҷон Умаров
Сурат: Фото EADaily

Умаров хотиррасон намуд, ки мутобиқи моддаи 16 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, маҳкумшудагон ба мулоқот бо аъзоёни оила, хешовандон, ҳамчунин ба қабул кардани хӯрокворӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал ҳуқуқ доранд.

“Ҳозир дар муассисаҳои ислоҳии кишвар беморони илтиҳоби шуш нестанд ва бо аломатҳои коронавирус низ муроҷиат намешавад. Лекин тавре медонем, дар бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсояикшварҳо мавҷи дуюми эпидемия оғоз ёфт ва мо бояд ба риояи тадбирҳои пешгирӣ идома диҳем”, - гуфт Мансурҷон Умаров.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, хешону наздикони маҳбусон метавонанд  дар рӯзҳои корӣ ба онҳо маҳсулоту чизҳои иҷозашударо оранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.