Рӯзи 9 июл барои аз Қазоқистон ба ватан баргардонидани тоҷикистониён парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе - Алмато - Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии кишвар дар Қазоқистон метавонанд муроҷиат кунанд.

Ҳамчунин рӯзи 10 июл хатсайри чартерии ширкати “Сомон Эйр” дар масири Душанбе - Минск - Душанбе низ анҷом дода мешавад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар сабаби пандемия дар Беларусу Украина мондаанд, метавонанд бо ин хатсайрҳо ба Тоҷикисон баргарданд.

Шаҳрвандони хориҷӣ низ бо ҳамин ҳавопаймо метавонанд аз Тоҷикистон ба шаҳри Минск парвоз кунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Беларус, Украина ва Қазоқистон метавонанд муроҷиат кунанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Нур-Султон:

Тел: +7 7172 24 09 29

E-mail: [email protected]

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмато:

Тел: +77775883115

E-mail: [email protected]

Сафорати Тоҷикистон дар Беларус:

Тел: +375 17 549 01 83

Е-mail: [email protected]

Сафорати Тоҷикистон дар Украина

Тел: +380950162777

E-mail: [email protected].

Ёдрас мекунем, ки пагоҳ, 8 июл иҷрои парвоз бо хатсайри SZ102 бо масири Франкфурт - Душанбе пешбинӣ шудааст.

Моҳи май бо ҳавопаймои Украина 30 нафар шаҳрвнадони Тоҷикистон ба Душанбе оварда шуда, бо ҳамин хатсайр беш аз 100 нафар шаҳрвнадони Украина ва Қазоқистон аз Тоҷикистон бароварда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.